Байни Тоҷикистону Афғонистон аз болои дарёи Панҷ боз як кӯпруки нав сохта мешавад

Дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон,  аз  болои дарёи Панҷ,  дар мавзеи Кокул  — Ойхонум  кӯпруки нав сохта мешавад. Тибқи иттилои  масъулини Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарозии пул 297 метр, паҳноии он 4,5 метр, иқтидори борбардориаш 60 тонна, дарозии роҳи  мошингарди ба пул баранда 18,5 км ва арзиши сохтмони онҳо тақрибан 9,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд.  Мақсад аз бунёди  пул ба роҳ мондани тиҷорати наздисарҳадӣ бо ташкили ҷойҳои нави корӣ, инчунин кушодани масири нави нақлиётӣ мебошад, зеро яке аз ҳадафҳои стратегии муайяннамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- ин раҳоӣ бахшидан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба давлати транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бояд гуфт, ки  дар  ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум, ки 16 октябр  таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров баргузор шуд,  «Созишнома байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди тоҷикистонии Оғохон дар бораи ҳамкорӣ оид ба сохтмони пул аз болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокул бо роҳҳои мошингарди ба пул баранда (ноҳияи Фархори вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Ойхонум (вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон) бо маблағгузории Комиссияи Аврупо тавассути Бонки Рушди Германия ва Барномаи ҳамгироии минтақавии Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон» мавриди баррасии вакилон қарор гирифт. Лоиҳаи қарори Созишномаи мазкур ба овоз монда шуда, бо ҷонибдории вакилон  қабул гардид.

  Дар ҷаласаи мазкур ин масъаларо   муовини якуми Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сӯҳроб Мирзозода ба вакилон шарҳ дод.

С. Мирзозода, аз ҷумла зикр кард, ки 21 октябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи густариш ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар сатҳи роҳбарони олии ҳар ду кишвар ба имзо расид. Мувофиқи банди 8-и Эъломияи муштарак, ҷонибҳо зарурати бунёд ва фаъол намудани гузаргоҳҳо ва бозорҳои наздисарҳадӣ дар мавзеъҳои Хумроғӣ-Ҷомарҷи Боло, Шоҳон-Хоҳон, Кокул-Ойхонум ва Айвоҷ-Калдорро таъкид намуданд.

«Ҳамин тариқ, дар доираи ҳамкорӣ  байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Фонди тоҷикистонии Оғохон тӯли солҳои 2002-2013 аз болои дарёи Панҷ чор адад пул дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- дар мавзеъҳои Теми наздикии шаҳри Хоруғ, ноҳияи Ишкошим, мавзеи Хумроғии ноҳияи Ванҷ, мавзеи Рузвайи ноҳияи Дарвоз ва як адад пул дар ҳудуди вилояти Хатлон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сохта шуд, ки имрӯзҳо тиҷорати наздисарҳадӣ дар онҳо ба роҳ монда шудааст. Дарозии умумии пулҳо 800 метрро ташкил медиҳад», -илова кард С.Мирзозода.

Муовини вазир ҳамчунин таъкид намуд, ки  бо мақсади татбиқи ҳадафҳои гузошташуда Фонди тоҷикистонии Оғохон ба унвони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сохтмони пули мазкур   муроҷиат намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки Лоиҳаи созишномаи мазкур  бо вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, адлия, корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ баррасӣ гардида, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои вазорату идораҳои зикргардида такмил ёфт.

Мавриди зикр аст, ки  Фонди тоҷикистонии Оғохон ҳамчунин  дар доираи созишномаи мазкур, тавассути ҷалби сармоя аз шарикони рушд сохтмони 50 км роҳи мошингардро аз мавзеи Гулистони ноҳияи Восеъ ба самти ноҳияи Фархор маблағгузорӣ менамояд.

Аз ҷониби Фонд иттилоъ дода шуд, ки сохтмони инфрасохтори нуқтаи назорати гузаргоҳи сарҳадӣ, ба мисли пулҳои дар мавзеъҳои Тем, Ишкошим, Хумроғӣ, Рузвай ва Шамсиддин Шоҳин сохташуда, аз ҳисоби Дафтари Барномаи Рушди СММ (UNDP) пас аз сохтмони пул ва роҳи  мошингарди ба он баранда ба роҳ монда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи созишнома 12 апрели соли 2019 аз ҷониби Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ  Худоёр Худоёрзода ва директори иҷроияи Фонди тоҷикистонии Оғохон Кишвар Абдулалишоев ба имзо расид. Бо мақсади амалигардонии созишнома Вазорати нақлиёт лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар хусуси тасдиқи созишномаро таҳия карда, бо вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа намуд.

Бояд зикр кард, ки  сохтмони пул дар мавзеи Кокул-Ойхонум ҳамчунин ба имконпазир гардидани ҷалби шарикони рушд барои маблағгузории таҷдид ва навсозии роҳи мошингарди Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ равона шудааст.

Ҳамчунин бояд гуфт, ки аз ҷониби Фонди тоҷикистонии Оғохон соли 2018 дар заминаи озмун ширкати лоиҳакаш (КВД «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ) ҷиҳати омода намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ интихоб гардид ва айни ҳол лоиҳакашӣ амалӣ шуда истодааст.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар қисмати  ҷануб бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  дарозтарин сарҳад дошта, ин масофа 1206 км-ро ташкил медиҳад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Tags: