Ташхисгарони тиббӣ – судӣ барои талаби 10 000 доллари амрикоӣ ҳамчун пора ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ташхисгари тиббӣ – судии  шуъбаи байниноҳиявии шаҳри Турсунзода  У.Н. ва Ф.Ҳ. -ро  барои талаби 10000 доллари амрикоӣ ҳамчун пора ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашид.

Тавре аз Агентии мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, вобаста ба ҳолати тамаъҷӯӣ 19 сентябр  шаҳрванд «А» бо ариза ба шуъбаи минтақавии агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор муроҷиат кардааст. Номбурда  дар аризааш навиштааст, ки «нисбат ба экспертҳои тиббӣ – судӣ   У.Н. ва Ф.Ҳ.  тадбирҳои қонунӣ андешида шаванд. Чунки ин нафарон  аз ӯ барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани писари додараш, ки нисбат ба ӯ бо моддаи 139, қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, маблағи 10000 доллари ИМА талаб карда истодаанд».

Дар  асоси муроҷиати шаҳрванд «А»  худи ҳамон рӯз нисбат ба У.Н. ва Ф.Ҳ. бо моддаи 247 қисми 4 (қаллобие, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст) — и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд. Зимни гузарондани чорабиниҳои фаврӣ — тафтишотӣ У.Н. баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани 7000 доллар дастгир шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: