Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Корея дар Нурсултон мулоқот карданд

16 октябр дар Нурсултон дар ҳошияи Форуми 12-уми ҳамкории Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Канг Кюнг-ва  баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, рағбати мутақобиларо ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории судманди Тоҷикистону Корея дар соҳаҳои мухталиф изҳор намуданд.

Ҳамчунин масъалаҳои тавсеа ва таҳкими заминаҳои шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба муҳокима шуданд.

АКС ВКХ ҶТ

АМИТ «Ховар»

Tags: