Пеш аз вохӯрии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон – Япония дар марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ассотсиатсияи футболи Япония Козо Ташима мулоқот намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории мутақобилан судманди федератсияҳои футболи ҳарду давлат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти Ассотсиатсияи футболи Япония Козо Ташима барои меҳмоннавозии ҳайати дастаи мунтахаби Япония дар шаҳри Душанбе изҳори қаноатмандӣ кард.
Дар ҷараёни ин вохӯрӣ Президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ ва Президенти Ассотсиатсияи футболи Япония Козо Ташима ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
АМИТ «Ховар»