ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 566 муассисаи таълимӣ бунёд мешаванд

Дар доираи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021 дар зарфи 5 сол дар маҷмӯъ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёди 566 муассисаи таълимӣ ва дигар иншооти муҳими соҳа ба нақша гирифта шудааст.

Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иҷрои барномаи мазкур сарфи 1 миллиарду 135 ҳазору 661 сомониро пешбинӣ мекунад. Қарор аст, ки 110 ҳазору 150 ҷойи нишаст барои хонандагону тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимӣ ташкил карда шавад.

То имрӯз тибқи Барномаи мазкур 39 иншооти соҳаи маориф бо сарфи зиёда аз 75 миллион сомонӣ бунёд гардидаанд.

Дар зарфи се сол барои сохтмони иншооти мазкур аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 25,5 миллион сомонӣ, буҷети вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 9 миллион сомонӣ, сармояи дохилӣ ва хориҷӣ 26,4 миллион сомонӣ, соҳибкорони ватанӣ ва маҳаллӣ 14,1 миллион сомонӣ ироа гардидааст.

Қобили зикр аст, ки давоми солҳои 2017-2019 дар доираи татбиқи Барномаи мазкур ва берун аз он дар шаҳру навоҳии вилоят ҷамъан 84 муассисаи таълимӣ иборат аз 463 синфхона барои 10521 ҷойи нишаст дар як баст (21042 ҷойи нишаст дар 2 баст) мавриди истифода қарор дода шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: