Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд

11 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхободи Туркманистон дар ҳошияи Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои пешбурди шарикии стратегӣ ва дурнамои ҳамкории судманди кишварҳоро баррасӣ намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори хушнудӣ аз имкони дидору мулоқоти навбатӣ таъкид доштанд, ки ҳар як вохӯрии ҷонибҳо ва муҳокимаи робитаҳои дуҷониба барои таҳкими шарикии стратегӣ саҳми босазо мегузорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иқдомоти накуи ҷонибдории ташаббусҳои якдигар дар арсаи байналмилалӣ ва татбиқи созишномаҳои қаблан баимзорасида изҳори қаноатмандӣ карданд. Таъкид шуд, ки мо бояд ин анъанаҳоро ҳифз намоем, зеро Тоҷикистону Ӯзбекистон дорои иқтидори бузурги фаъолсозии ҳамкории мутақобилан судманд дар ҳама самтҳо мебошанд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак, сохтмони иншооти иҷтимоӣ дар қаламрави кишварҳо, робитаҳо дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, тавсеаи бахши тиҷоратию иқтисодӣ байни ду давлатро муҳокима карданд.

Густариши равобити фарҳангию гуманитарӣ ва мунтазам баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ бо иштироки арбобони фарҳангу санъати ду кишвар аз мавзуъҳои дигар ва муҳими мулоқот буд.

АМИТ «Ховар»

Tags: