«Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2019–2021» тасдиқ гардид

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  аз 9 октябри соли 2019  «Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2019–2021» тасдиқ гардид. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешавад. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ,  Барномаи мазкур  бо  мақсади иҷрои банди 3-и  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019 «Дар бораи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 — 2021»   амалӣ гардида,  ҳадаф  аз роҳандозии он  татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон,  беҳгардонии вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, маънавӣ, фаъолнокии сиёсии  ҷавонони пойтахт ва  пурзӯр намудани нақши ҷомеа дар таълиму тарбияи онҳо мебошад.

«Раиси шаҳр ҳамоҳангсози татбиқи барномаи мазкур — Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанберо вазифадор намудааст, ки  ҳамасола то 10 декабр оид ба натиҷаи амалишавии  он ба мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маълумот пешниҳод намояд», — илова кард манбаъ.

Ҳамчунин тибқи ин қарор  Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки барои татбиқи барномаи зикршуда  дар соли 2019 аз ҳисоби маблағҳои махсуси дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  180 ҳазор сомонӣ ҷудо намуда, солҳои минбаъда ҳангоми таҳияи лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе маблағҳои заруриро пешбинӣ намояд.

Раиси шаҳр ба раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе  супориш додааст, ки дар доираи барномаи мазкур барномаҳои маҳаллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2019–2021-ро таҳияву қабул ва маблағгузории онро таъмин намоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: