24 сентябр дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини Дабири кулл-Мудири Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков мулоқот намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо натиҷаҳои Конфронси байналмилалии «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва маблағгузории он, аз ҷумла тариқи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил»-ро, ки 16-17 майи соли 2019 дар пойтахти Тоҷикистон- ш. Душанбе баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷараёни суҳбат ҳамчунин масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои зиддитеррористии СММ, ба вижа Дафтари зиддитеррористии СММ ва дурнамои рушди иқдомҳои якҷоя дар самти мазкур мавриди муқокима қарор гирифтанд.
АМИТ «Ховар»