Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзон ва нашъунамои ниҳол дар ниҳолхонаи хоҷагии деҳқонии «Хайриддин»-и ноҳияи Файзобод дидан намуданд

Дар ноҳияи Файзобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Файзобод дидан намуданд.

Дар намоишгоҳ хоҷагиҳои ҷамъиятӣ, деҳқонию инфиродӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ ва сокинони меҳнатдӯсти ноҳия маҳсули меҳнати хешро ба маъраз гузоштанд. Раста ва манораҳои пур, фаровонии маҳсулот, ҳосили зироати ғалладонагиҳо, сабзавот, полезиҳо, картошка, мевагиҳо ва дигар номгӯи ҳосили зироати кишоварзӣ дар ин намоишгоҳ самараи меҳнати пайваста, истифодаи самараноку оқилонаи обу замин ва риояи қоидаҳои агротехникӣ аз ҷониби хоҷагидорони ноҳияи Файзобод мебошад.

Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки соли равон аз ҷониби кишоварзони ноҳияи Файзобод дар масоҳати қариб 7 ҳазор гектар кишти зироати кишоварзӣ, аз ҷумла, дар майдони 2500 гектар ғалладонагиҳо, 700 гектар сабзавот, 820 гектар картошка, 1000 гектар зироати техникӣ ва инчунин кишти зироати хӯроки чорво гузаронида шудааст.

Баъди ҷамъоварии ҳосили зироати ғалладонагӣ, картошка ва қисман сабзавоту полезӣ кишоварзон дар майдони 83 гектар кишти такрорӣ гузаронидаанд. Тибқи нишондоди масъулони соҳаи кишоварзӣ, майдони боғу токзор дар ноҳия 5970 гектар мебошад, ки аз ин 4500 гектараш боғи себ аст. Танҳо давоми 2 соли охир дар ноҳия қариб  650 гектар боғи нав бунёд карда шудааст.

Пешвои миллат ба себи Файзобод, ки аз лиҳози тамъ назир надорад, таваҷҷуҳ зоҳир карда, барои истифодаи самараноки имконоти мавҷуда, боз ҳам зиёд намудани масоҳати себзор, дар ин замина таъмини бозори дохилӣ бо себи хушсифт ва ҳамчунин афзоиш бахшидани ҳаҷми содироти он ба хориҷи мамлакат масъулонро вазифадор карданд.

Дар ноҳияи Файзобод, ки барои боғпарварӣ иқлими мусоид мавҷуд мебошад, беш аз 10 навъи себ парвариш меёбад.

Дар намоишгоҳ сокинони ноҳияи Файзобод ҳама намуди ҳосили зироати кишоварзиро ба маъраз гузоштанд ва фаровонию сифатнокии маҳсулот аз меҳнати пайвастаи мардуми меҳнатдӯсти ин минтақаи хушобу ҳавои мамлакат маънидод гардид.

Сипас, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ниҳолхонаи навбунёди хоҷагии ниҳолпарварии «Хайриддин» дидан намуданд. Ба иттилои хоҷагидорон, дар ин ниҳолхона, ки майдони 1,5 гектарро ташкил медиҳад, 20 ҳазор бех ниҳоли дарахтони 4-солаи ороишӣ шинонида шудааст. Ниҳоли дарахтони ороишии можжевелник, санавбари элдарӣ, сарви шарқӣ ва сарвинози аризониро хоҷагидорон аз шаҳри Ваҳдат дастрас намудаанд. Ғайр аз ин дар ин ҷо 5 ҳазор бех ниҳоли дарахтони мевадиҳандаи 2-сола, аз қабили себ, олу, олучаи пайвандӣ, гелос ва ғайра парвариш карда мешаванд. Мақсад аз таъсиси ниҳолхона дар ин мавзеъ таъмин намудани ноҳия бо ниҳоли дарахтони ороишӣ ва инчунин хоҷагиҳои боғпарвари мамлакат бо ниҳоли дарахтони мевадиҳанда мебошад.

Хоҷагии ниҳолпарварии «Хайриддин» дар ин мавзеъ дорои боз 0,5 гектар замин мебошад, ки дар 0,25 садяки он чуворимакка барои дон ва дар боқимонда картошка ва помидору нахӯд кишт гардидааст. Баъди ҷамъоварии ҳосили картошка ва нахӯд хоҷагидорон дар ин ҷо мош кишт намудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашъунамои ниҳол ва инчунин навъҳои гуногуни зироати кишоварзиро дар хоҷагии деҳқонии «Хайриддин» мувофиқи матлаб дониста, масъулонро барои васеъ намудани масоҳати ниҳолхона ва зиёд кардани номгӯи ниҳоли дарахтони ороишию мевадиҳанда ҳидоят намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: