Дар шаҳри Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, маориф, сайёҳӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ гардиданд.
Дар ин бора котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, афзуд, ки масъалаи мазкурро муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев ва намояндаи палатаи лордҳои Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Муҳаммед Илтаф Шейх муҳокима намуданд.
Ҷонибҳо инчунин оид ба тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ, танзими форумҳои тиҷоратӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Лондон ва таъсиси намояндагии донишгоҳҳои британиягӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ анҷом доданд.
«Зикр гардид, ки сафари меҳмонони британиягӣ ба Тоҷикистон моҳияти мусбат дошта, барои муаррифии бештари кишварҳо дар Парлумон ва ҷалби имкониятҳои Ҳукумати Британияи Кабир дар рушди соҳаҳои мухталифи мамлакати мо мусоидат менамояд»,- афзуд манбаъ.
Зимни ин дидор аз рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва таъкид гардид, ки муколамаҳои мунтазами сатҳи баланди сиёсӣ асоси таҳкими равобит ва ҳамкории ду кишвари дӯст дар ҳама арсаҳо ба ҳисоб мераванд.
АМИТ «Ховар»