Имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои бунёди боз як корхонаи азими саноатӣ санги асос гузошта шуд.
Самти фаъолияти корхонаи нав ба истеҳсоли семент нигаронида шуда, он бо ҷалби сармояи мустақим сохта мешавад.
Дар асоси лоиҳа иқтидори корхонаи истеҳсолии ҶСП «Тоҷиксемент» дар як шабонарӯз 3 ҳазору 300 ва дар як сол 1,2 млн. тоннаро ташкил медиҳад.
Дар ин корхона сементи тамғаҳои 400, 500 ва 600 истеҳсол карда мешавад.
Хати истеҳсолии корхона, ки аз 10 сехи асосӣ ва ду сехи иловагӣ иборат мебошад, дар масоҳати 15 гектар васлу насб шуда, дар масоҳати боқимонда хирмани ашёи хом, анбори маҳсулоти тайёр, ташхисгоҳҳо, пойгоҳи автомобилӣ, сехи таъмирӣ, идораҳои корӣ ва дигар иншооти зарурӣ бунёд карда мешавад.
Корхона ба таври муосир, мутобиқ ба стандарти байналмилалӣ ва барои муҳити зист ва аҳолии атроф безарар дар канори шаҳр бунёд меёбад.
Чангу ғубор дар ҳамаи сехҳои корхона, яъне дар 10 марҳила мавриди полоиш қарор дода мешавад, ки дар натиҷа 99,3 фоиз қоидаҳои ҳифзи муҳити зист таъмин ва истеҳсолоти бе партов ба роҳ монда хоҳад шуд.
Зимни муаррифии лоиҳа ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ дар иншоот 1,5 сол идома меёбад ва дар ин давра 1500 нафар шаҳрвандони мамлакат, хоса сохтмончиён бо ҷойи кор таъмин мешаванд.
Баъди ба истифода додани корхона 600 ҷойи кори доимӣ таъсис меёбад.
Оҳаксанг, магнетит, гаҷ ва хок, дар маҷмуъ ашёи хом барои истеҳсоли семент дар ин корхона аз ҳисоби захираҳои табиии ватанӣ, аз ҷумла конҳои дараи Харангон дастрас карда мешавад.
Технологияи истеҳсолии корхонаи ҶСП «Тоҷиксемент» бо иҷозатномаи яке аз бонуфӯзтарин ширкатҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин истеҳсол карда шудааст.
Бунёди боз як корхонаи нави саноатӣ дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар заминаи устувор хоҳад гузошт.
Баъди пурра ба кор даромадани корхонаи нав, корхонаи ҳозираи семент, ки солҳои дароз кор кардаву фарсуда шудааст ва ба муҳити зисти шаҳр таъсир мерасонад, фаъолияташ пурра манъ карда мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли сементи баландсифат ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазирро муҳим шуморида, дар ин самт ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
АМИТ «Ховар»