Амалисозии ташаббусҳои созандаи Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Эронро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ вазифаи аввалиндараҷа арзёбӣ намуда, густариши робитаҳои мутақобилан судманди байнипарлумониро барои рушди фазои ҳуқуқии ҳамкории гуногунсоҳа зарур шуморидааст. Раиси Маҷлиси миллӣ гуфтааст, ки бояд фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Эрон тақвият дода шавад.
Бо дахли татбиқи созишномаҳову қарордодҳои баимзорасидаи байни ду давлат Раиси палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон гуфтааст, ки барои густариши бемайлони робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, алалхусус барои ҷалби сармояи эронӣ дар саноатикунонии мамлакат бояд саъю талош кард.
Назар ба иттилои ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ Наврӯз Қурбонзода, мусоҳибон ҳамзамон масоили гуногуни амнияти минтақавӣ ва вусъати ҳамкориро дар соҳаҳои мухталифи гуманитарӣ матраҳ намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ паёми шодбошӣ ва даъвати Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии исломии Эрон Алии Лориҷониро ба унвони Раиси Маҷлиси миллӣ бобати дар вақти барояшон мувофиқ анҷом додани сафари расмӣ ба Теҳрон баён кард. Дипломати эронӣ зикр намуд, ки дар давраи фаъолияти худ ба ҳайси Сафир бо ҷалбу сафарбарии имкониятҳои мавҷуда дар татбиқи масъалаҳои матраҳгардида ва тавсеаи муносибатҳои ҳар ду давлати дӯст саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда анҷом пазируфт.
АМИТ «Ховар»