Дар Суғд беш аз 1000 лагери беруназшаҳриву наздимактабӣ фаъол гардидаанд

Дар вилояти Суғд ҷиҳати омодагӣ ва ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони вилоят дар соли 2018 ситоди махсуси «Тобистон — 2018» таъсис дода шуд. Ҳадафи он тақвият бахшидан ба ҷараёни фарогирии мактабиён ба фароғати фаъол дар давраи таътили тобистона мебошад.

Тавре масъулини  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ доданд, имрӯзҳо дар лагерҳои варзишию солимгардонии беруназшаҳрии миқёси вилоят корҳои сохтмонӣ, таъмир, муҷаҳҳазгардонии бино, майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои оббозиву майдончаҳои сабзкорӣ ба итмом расонида шуда, онҳо ба қабули хонандагон омодаанд.

Зикр гардид, ки дар давраи тобистони имсола дар қаламрави вилоят тибқи нақша 19 лагери беруназшаҳрӣ, 679 лагери наздимактабӣ, 243 лагери истироҳатию меҳнатӣ, 30 лагери солимгардонӣ ва машғулиятҳои меҳнатӣ барои хонандагони синфҳои 9-10 ва 39 лагери варзишӣ-беҳдоштӣ бо фарогирии зиёда аз 75 000 нафар кўдакону наврасон фаъолият мебаранд. Аз шумораи умумии фарогирандагон беш аз 1000 нафарашонро кўдакони ятиму бепарастор ва 7600 нафарашонро хонандагон аз оилаҳои камбизоат ташкил дода, ба истироҳатгоҳҳо ройгон фаро гирифта мешаванд.

Инчунин ҳоло дар миқёси вилоят 19 муассисаи иҷтимоӣ бо фарогирии беш аз 1800 нафар кўдакон ба таълиму тарбия фаъолият доранд.

Бояд гуфт, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар давраи таътили зимистонаи соли 2018-ум 100 нафар кўдакони ятиму бепарастор ва 200 нафар ғолибони озмуну олимпиадаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба истироҳату фароғат ҷалб гардида буданд.

Амит "Ховар"

Tags: