Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои Бенилюкс, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода бо Дабири кулли Созмони Ҷаҳонии Гумрук доктор Кунио Микурия мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот Сафири Тоҷикистон ба ҳамкории пурсамари байни Созмон ва Тоҷикистон ишора намуда, ёдовар шуд, ки ҷонибҳо ҷиҳати тақвият бахшидани зарфиятҳои низоми гумрук дар Тоҷикистон ба ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалии он мусоидат карданд.
Доктор Микурия андешаҳои ҷониби Тоҷикистонро идома дода, ҳамкории Хадамоти гумруки мамлакат ва Созмони Ҷаҳонии Гумрукро бо мисолҳои мушаххас тавсиф кард.
Ҷонибҳо ба баррасии дурнамои ин ҳамкорӣ пардохта, азми росихи худро дар амри тавсеа ва густариш бахшидани онҳо, бештар истифода намудани имкониятҳои Созмони Ҷаҳонии Гумрук дар амри бозомӯзии коршиносони Хадамоти гумрук, боло бурдани сатҳи касбии онҳо таъкид намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот барномаи боздиди қарибулвуқӯи Дабири кулли Созмони Ҷаҳонии Гумрук доктор К. Микурия аз Тоҷикистон, мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн ва барномаҳои ҳамкорӣ мавриди гуфтугӯ ва ҳамоҳангӣ қарор гирифтанд.
АМИТ «Ховар»