ХАБАРИ ХУШ: Баҳодур Усмонов дар даври аввали Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс ғолиб омад!

Шоми дирӯз боксчии машҳури Тоҷикистон, чемпиони Осиё дар соли 2019 Баҳодур Усмонов дар аввалин вохӯриаш  дар Чемпионати ҷаҳон, ки дар шаҳри Екатеринбурги Россия идома дорад, ба ғалаба ноил шуд. Ӯ дар вазни 63 килограмм боксчии украинӣ Олександр Железнякро бо натиҷаи софи 5:0 шикаст дод ва акнун дар даври дуввум,  14 сентябр бо боксчии турк Эрдемир Тюгрул вориди майдони рақобат мешавад. Дарн ин бора шореҳи варзиши АМИТ “Ховар” Аловиддин БӮРИЕВ хабар медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки дар  20-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба  бокси ғайрикасбӣ, ки аз 7 сентябр инҷониб дар шаҳри Екатеринбурги Россия идома дорад, 4 нафар боксчиёни Тоҷикистон — Бахтовар Сагизов (то 57 кг), Мирзомуҳаммад Бахтиёр (то 75 кг), Шаббос Неъматуллоев ( то 81 кг) ва Баҳодур Усмонов ( то 63 кг)  иштирок доранд.

Бахтовар ва Мирзомуҳаммад  дар  зӯрозмоиҳои аввал аз ҳарифонашон мағлуб шуданд ва Шаббос бар Лиридон Нуаи шведӣ ғолиб омада, ба даври дуюм  роҳ ёфт. Ӯ дар вохӯрии навбатӣ бо боксчии мисрӣ Абдураҳмон Орабӣ қувва месанҷад.

АМИТ «Ховар»

Tags: