Вохӯрӣ бо Консули фахрии Тоҷикистон дар Малайзия

5 октябри соли 2016 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Музаффар Муҳаммадӣ бо Фиристодаи махсуси Сарвазири Малайзия дар Иттиҳоди Рушди Африкаи Ҷанубӣ (SADC), Консули Фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари иқомат, ректори Донишгоҳи фанноварии инноватсионии Лимкоквинг Тан Сри Дато Сри Падука Лим Кок Винг баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Малайзия ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ, илмию техникӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳарду кишвар табодули назар намуданд.
Тарафҳо инчунин доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, мавзӯи ифтитоҳ намудани филиали Донишгоҳи фанноварии инноватсионии Лимкоквинг дар Тоҷикистон табодули назар намуданд. Ҳамзамон масъалаҳои марбут ба таҳсили донишҷӯёни тоҷик, беҳтар намудани шароити зисти онҳо, ҷалби бештари донишҷӯёни тоҷик ба донишгоҳи мазкур ва ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ барои онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Манбаъ: АМИТ "ХОВАР"

Tags: