Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи корҳои бунёдкорию ободонӣ дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим якчанд иншооти ҷашнии дорои таъйиноти гуногун, ки аз ҷониби соҳибкорони шаҳр бунёд гардидаанд, ба истифода дода шуданд.
Ин иншоот аз бунгоҳи тиббӣ, маркази хизматрасонӣ, толори варзишӣ, нуқтаи савдо ва шустушӯи нақлиёт, инчунин синфхонаҳои иловагӣ иборат мебошанд, ки дар баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ нақши муассир мегузоранд. Иншооти мазкур дар деҳаҳои Ситора, Гулханӣ ва Кӯҳнабойи Ҷамоати деҳоти Навобод ва Ҳисор бунёд гардидаанд. Дар маросими ба истифода додани иншооти ба шарафи ҷашн бунёдшуда гуфта шуд, ки сокинони шаҳри Ҳисор дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дучанд меҳнат намуда, дар раванди корҳои созандагию ободонӣ дар ҷамоатҳои деҳот саҳм мегузоранд. Онҳо ният доранд, ки ҷашни миллӣ- 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол гиранд.
Сокинони шаҳри Ҳисор хуб огоҳанд, ки дар раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ ва бо мақсади дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни 30-солагии
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат дар мулоқоташон бо аҳли ҷамоати мамлакат сокинонро вазифадор намуданд, ки ба ин ҷашни таърихӣ аз ҳоло омодагӣ оғоз намуда, барои ободии диёр, бунёди муассисаҳои таълимӣ, таъмири роҳҳо, иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси корхонаву коргоҳи истеҳсолӣ саъю талош варзанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 600 иншооти дорои таъйиноти гуногун бунёд мегарданд.
АМИТ «Ховар»