Дар Хуҷанд ғолиби озмуни шаҳрии «Омӯзгори сол-2016» муайян гашт

Дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд даври ниҳоии озмуни «Омӯзгори сол-2016» ҷамъбаст гардид. Аз 150 нафар иштирокчии даври ибтидоии озмун, ба даври ниҳоӣ танҳо 3 нафар беҳтаринҳо-Наима Раҳматова, Санавбар Назарова ва Машҳура Қодирова роҳхат гирифтанд. Тавре, ки ба АМИТ «Ховар» роҳбари хадамоти матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Хуҷанд Маҳмудҷон Муҳаммадӣ хабар дод, озмун аз рӯи шартҳои зерин-муаррифии машғулиятҳои амалӣ ва методикаи таълим, пурсиш оид ба санадҳои ҳуқуқиву меъёрӣ ва фанҳои таълимӣ ҷараён гирифта, дар анҷом ҳайати ҳакамон ба фаъолияти ҳар як довталаб баҳои арзанда гузоштанд.
Аз рӯи ҷамъбасти холҳои гирифта омӯзгори фанни химияи мактаби №20 маркази вилоят Наима Раҳматова сазовори мақоми аввал ва ғолиби озмуни «Омӯзгори сол-2016» дар шаҳри Хуҷанд дониста шуд.
Ҳакамон ба иштирокчиён ва ғолиби озмун дар вазъияти тантанавӣ сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.

Манбаъ: АМИТ "ХОВАР"

Tags: