Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Сарраёсати молияи шаҳр вазифадор гардидааст, ки аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда 4 миллиону 945 ҳазору 800 сомонӣ ҷиҳати расонидани кумаки моддӣ, аз ҷумла 226 ҳазору 800 сомонӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, инчунин шахсони ба онҳо баробар ва 4 миллиону 719 ҳазор сомонӣ ба кормандони раёсатҳои истифодаи роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷудо намояд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдом бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шахсони ниёзманд роҳандозӣ гардидааст.
Раиси шаҳри Душанбе ҳамчунин раисони ноҳияҳои Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Синои пойтахтро вазифадор намудааст, ки дар таҷлили ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби сарпарастон, фондҳои хайрия ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ, дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ва шахсони яккаву танҳо кумаки моддӣ расонанд.
Тибқи иттилои манбаъ, тақсимот ва супоридани маблағҳои зикршуда аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тавассути бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ноҳияҳои пойтахт то 7 сентябри соли равон ба роҳ монда мешавад.
Ин кумак ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва шахсони ба онҳо баробар аз ҷониби муовинони Раиси шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони мақомоти молияи шаҳри Душанбе ва кормандони раёсатҳои Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматии онҳо дастрас карда мешавад.
Ба кормандони раёсатҳои истифодаи роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе ин кумак дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби муовинони Раиси шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони мақомоти молияи пойтахт супурда мешавад.
АМИТ «Ховар»