Мавқеи дзюдочиёни тоҷик дар раддабандии нави олимпӣ боло баромад

Федератсияи   байналмилалии   дзюдо  (IJF) пас аз натиҷагирии Чемпионати ҷаҳон, ки аз 25 август то 1 сентябр дар шаҳри Токиои Япония баргузор шуд, раддабандии нави олимпиро нашр кард.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 8 нафар варзишгар ширкат кард. Дзюдочиёни мо аз медали чемпионат маҳрум монданд, аммо ду варзишгари мо дар вазни -73кг – Беҳрӯзи Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков натиҷаи хуб нишон дода, ҷои панҷумро ишғол намуданд ва сазовори 720-холӣ гардиданд.

Дар раддабандии олимпӣ Беҳрӯз Хоҷазода аз ҷои 33-юм ба ҷои 15-ум, Сомон Маҳмадбеков аз ҷои 37 ба ҷои 20-ум баромаданд. Дар вазни +100кг Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов то даври 1/8-ниҳоӣ роҳ ёфта, 320-холӣ дарёфт карданд ва Темур аз ҷои 29 ба ҷои 24-ум, Шакармамад аз ҷои 65 ба ҷои 42 баромаданд.

Бояд зикр намуд, ки варзишгарон тибқи талаботи низомномаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 то 25 майи соли 2020 имкони ҷамъ кардани хол ва боз ҳам беҳтар кардани мавқеашонро дар раддабандии олимпӣ доранд.

Моҳи июни соли 2020 раддабандӣ ҷамъбаст гардида, 22 нафари беҳтарин дар ҳар вазн (бо дарназардошти аз ҳар КМО дар ҳар вазн як роҳхат) ҳуқуқи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токиоро ба даст меоранд.

АМИТ «Ховар»

Tags: