Бо дастури мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як гӯшаи бозори марказии шаҳри Хоруғ ба ихтиёри деҳқонони ноҳияҳои вилоят гузошта шуд. Сардори Раёсати кишоварзии вилоят Абдуласан Мамадасанов гуфт, ки «қаблан деҳқонон дар бозор ҷои муайян надоштанд ва аз ин рӯ маҷбур мешуданд, ки маҳсулоти худро бо нархи арзон ба миёнравон фурӯшанд. Ҳамин тавр маҳсулот аз даст ба даст гузашта, қимати он низ боло мерафт. Таъсис додани «Гӯшаи деҳқон» ба манфиати ҳам харидорон ва ҳам деҳқонон аст».
Як тан деҳқон аз ноҳияи Шуғнон Соҳибқадам Некқадамов, ки маҳсулоти худро ҳамагӣ дар муддати як соат фурӯхтааст, изҳор медорад, ки «ман шахсан ҷиҳати ҷудо кардани макони махсус барои деҳқонон ба раиси шаҳр муроҷиат намудам ва имрӯз ин орзӯи мо амалӣ гашт. Ин тадбир ба танзими нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар саросари бозор таъсири худро мерасонад. Баъди ин амал дар дигар дӯкону мағозаҳо низ нарх ба тадриҷ паст мешавад».
Дар ин гӯша ҳамчунин деҳқонон аз вилоятҳои Суғду Хатлон ҳам маҳсулоти худро мустақиман ба харидорон пешниҳод мекунанд. Аҳрор Ғафуров, сокини вилояти Суғд гуфт, ки «ин бор ман ба бозори шаҳри Хоруғ кишмиш овардам. Нархи он дар дӯкону бозорҳои шаҳр 30 сомонӣ аст, аммо ман маҳсулоти худро бо нархи 24 сомонӣ фурӯхтам».
Сардори Раёсати кишоварзии вилоят иброз намуд, ки «теъдоди деҳқононе, ки мехоҳанд маҳсулоти худро бидуни миёнарав ба фурӯш бароранд, рӯз аз рӯз зиёд мегардад. Аз ин рӯ масъулин тасмим гирифтаанд, ки ҳафтаи оянда масоҳати «Гӯшаи деҳқон»-ро боз ҳам васеътар кунанд. Мақсади мо ин аст, ки ҳамаи сокинони шаҳр барои захираи меваю сабзавот дар фасли зимистон имконияти баробар дошта бошанд».
АМИТ «Ховар»