Дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Кӯлоб имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ дар расми ифтитоҳи Маҷмааи Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар вазъияти тантанавӣ ва фазои самимии идона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парда аз рӯйи лавҳаи мармарини Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бардоштанд, ки бо санъати меъмории нотакрор бунёд шудааст.
Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони марказии шаҳр қомат афрохта дар пояи аз металли махсус омода шуда насб гардидааст, ки баландии поя бо фарогирии нишон дар маҷмуъ 27,7 метрро ташкил медиҳад. Аз ин андоза 5 метр таҳкурсии Нишони давлатӣ мебошад,ки бо мармари холис рӯйпуш карда шудааст. Рамзи Нишони давлатӣ аз ҷониби ходимони Корхонаи рассомӣ-ҳайкалтарошии ҶДММ "Нури Шамс"-шаҳри Кӯлоб таҳия ва сохта шуда бо рангу ҷилои махсус оро ёфтааст. Фармоишгар ва маблағгузори иншоот Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб мебошад. Пояи асосӣ ва таҳкурсию сутунҳои даромадгоҳи майдони Нишони давлатӣ аз ҷониби ҶДММ "Фаридун" сохта шудааст.
Сипас Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳалли Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд, ки дар ҳамин мавзеъ ҷойгир шудааст. Истиқболи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди иншооти навбунёд самимӣ ва ба таври хоса доир гардида дар як вақт бо расми истиқбол матоъи Парчами давлатӣ аз ҷониби сарбозони Горди миллӣ зери навои мутантан ба майдон оварда шуд ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳри Кӯлоб ба таври зинда иҷро гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди буридани лентаи рамзӣ, пардабардорӣ аз рӯйи лавҳаи мармарин бо навиштаҷоти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барафроштани парчам дар пояи баландияш 52,5 метр ин рӯйдодро дар шаҳри Кӯлоб, аз ҷумлаи воқеаҳои муҳими таърихӣ дар давоми 25-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд.
Парчами давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб дар доираи татбиқи Нақша-чорабиниҳои таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиш ва маблағгузории ҶСК "Ориёнбонк" бунёд гардида аз матоъи андозаи 14 ба 7 метр омода ва дар пояи аз металли махсус сохташуда насб гардидааст. Пояи асосии парчам дар назди панҷ сутуни мармарини бузург ҷойгир аст, ки шакли меъмории қадимиро таҷассум менамоянд. Таҳкурсии пояи Парчами миллӣ низ рӯйпуш бо мармар буда 2 метр баландӣ дорад ва дар шакли ду чоркунҷаи руйи ҳам бунёд шудааст.Аз ду канори даромадгоҳи асосии майдони Парчами давлатӣ бо намои санъати волои меъморӣ ду муҷассамаи шерони болдор қомат афрохтааст, ки рамзи шоҳони Хатлонзаминро таҷассум менамоянд. Баландии муҷассамаҳои шерони болдор бо таҳсунунҳо 3 метрро ташкил медиҳанд. Муҷассамаҳои шерони болдор аз ҷониби Аълочии фарҳанги Тоҷикистон ва Аъзои иттифоқи рассомон Шамсиддин Одинамадов эҷод ва бо маҳорати хоса оро дода шудааст.
Баъди барафроштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Кӯлоб Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу сифати корҳои сохтмонии он изҳори қаноатмандӣ намуда масъулони дахлдорро барои пайваста дар ҳолати ободу зебо нигоҳ доштани ин макони тозабунёд вазифадор намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ифтитоҳи иншооти мазкур, таъкид бар он доштанд, ки дар як рӯз дар маркази шаҳри Кӯлоб якбора қомат афрохтани намунаи ду муқаддасоти миллӣ нишони олии гиромидошт ва арҷгузорӣ ба арзишҳои волои давлатдорӣ буда барои боз ҳам баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстию ватанпарастии насли ҷавон ва дар маҷмуъ кулли сокинони шаҳри Кӯлоб нақши муҳим мегузорад.