Иштирокчиёни даври ¼- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон муайян гардиданд

Бозиҳои даври ҳаштякфинали Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол ба анҷом расида, иштирокчиёни даври чорякфинал муайян гардиданд. Се дастаи лигаи олии   Тоҷикистон – «Кӯктош»-и Рӯдакӣ, «Истаравшан»-и  Истаравшан  ва «Панҷшер»-и Ҷалолиддин Балхӣ натавонистанд ба даври дигар роҳ ёбанд. Идомаи мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад. 

Ҳамин тариқ, дар даври чорякфинал 5 дастаи лигаи олӣ ва 3 дастаи лигаи аввал барои ба даст овардани ҷом муборизаро идома медиҳанд. Дар даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон  дастаҳои  футболи «Хатлон»-и Бохтар  бо «Хуҷанд»-и Хуҷанд, КМВА «Помир»-и Душанбе бо «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, «Эсхата»-и Хуҷанд  бо «Истиқлол»-и Душанбе  ва «Ҳулбук»-и Восеъ  бо «Дӯстӣ»-и  Ҷайҳун байни ҳам рақобат мекунанд. Бозиҳои аввал 21 август, бозиҳои ҷавобӣ 28 августи соли  равон  доир мегарданд.

Ҷоми Тоҷикистон-2019
1/8-финал

«Хатлон» (Бохтар) – «Саройкамар» (Панҷ) – бозии ҷавобӣ — 5:1, бозии аввал — 1:0 (6:1)

КМВА «Помир» (Душанбе) – «Душанбе-83» (Душанбе) – 0:0, 1:1

«Исфара» (Исфара) – «Эсхата» (Хуҷанд) – 3:3, 2:4 (5:7)

«Кӯктош» (Рӯдакӣ) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2, 0:0

«Ҳулбук» (Восеъ) – «Истаравшан» (Истаравшан) – 3:1, 0:1 (3:2)

«Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) – «Дӯстӣ» (Ҷайҳун) – 0:1, 1:1 (1:2)

«Барқчӣ» (Ҳисор) – «Истиқлол» (Душанбе) – 1:7, 2:7 (3:14)

«Ваҳдат» (Ваҳдат) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:5, 0:7 (0:12)

Ба ин тартиб, дар чорякфинал дастаҳои зерин бо ҳам рақобат мекунанд:

«Хатлон» – «Хуҷанд»

КМВА «Помир» – «Регар-ТадАЗ»

«Эсхата» – «Истиқлол»

«Ҳулбук» – «Дӯстӣ»

Бозиҳои аввали чорякниҳоӣ 21 август ва бозиҳои ҷавобӣ 28 август баргузор мешаванд.

Ҷоми Тоҷикистон-2019. ¼-финал

Бозиҳои аввал

21 август (чоршанбе)

«Хатлон» – «Хуҷанд»

КМВА «Помир» – «Регар-ТадАЗ»

«Эсхата» – «Истиқлол»

«Ҳулбук» – «Дӯстӣ»

Бозиҳои ҷавобӣ

28 август (чоршанбе)

«Хуҷанд» — «Хатлон»

«Регар-ТадАЗ» — КМВА «Помир»

«Истиқлол» — «Эсхата»

«Дӯстӣ» — «Ҳулбук»

АМИТ «Ховар»

Tags: