Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои хобгоҳро дар назди Мактаб-интернати №1-и ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор доданд

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави хобгоҳи назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-ро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Бинои хобгоҳи тозабунёд 4-ошёна буда, дорои 36 ҳуҷра ва 450 кати хоб мебошад, ки ҳамаи ҳуҷраҳои он дорои шароити заруриянд.

Хонандагону омӯзгорони ин боргоҳи илму маърифат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни ҳавлии хобгоҳи тозабунёд бо самимияти беандоза ва рӯҳияи идона истиқбол гирифтанд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бинои нави хобгоҳ дорои ҳуҷраҳои хоб, хуҷраи роҳбарият, ҳуҷраи дарстайёркунӣ, посбонхона, ҳуҷраи тиббӣ, ошхона, ҳуҷраи дарзмолкунӣ ва толори тамошои телевизор мебошад. Инчунин дар назди бинои хобгоҳ ду айвонча барои суҳбати толибилмон ба таври зебо бунёд карда шудааст, ки бошандагон метавонанд аз он истифода намоянд.

Дар мактаби рақами 1 зиёда аз 390 нафар тарбиятгиранда бо шумули 3 нафар ятим, 31 нимятим ва боқимонда фарзандони оилаҳои ниёзманд аз деҳаҳои дурдаст ба таълиму тарбияи ҳамаҷониба фаро гирифта шудаанд.

Корҳои сохтмонӣ аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 оғоз гардида, зимни бунёди ин иншооти соҳаи маориф 40 нафар кормандону мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда буданд.

Масоҳати умумии иншоот 76 садяк заминро ташкил намуда, худи бино дар ҳудуди 753 метри мураббаъ бо риояи қоидаҳои сохтмонӣ аз ҷониби мутахассисони корозмуда дар муҳлати муайян қомат афрохт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо хонандагони ин боргоҳи илму маърифат онҳоро барои таҳсил бо баҳои хубу аъло, омӯхтани илмҳои замони муосир, аз бар намудани забонҳои хориҷӣ ва дар оянда ба нафъи давлату миллат софдилонаю содикона хидмат кардан ҳидоят намуданд.

Тарбиятгирандагони интернати мазкур дар навбати худ ба Сарвари ғамхору дастгир ва пуштибони худ ҷиҳати фароҳам намудани ин гуна шароити арзандаи таълиму тарбия изҳори сипосу миннатдории бепоён намуданд.

Ғамхорӣ нисбат ба кӯдакони бо амри тақдир бесаробонмонда ва дигар нафарон аз рӯзҳои аввали ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад ва ҳамин аст, ки пайваста нисбат ба ин қишри ҷомеа ғамхорӣ зоҳир мегардад.

Сабзазор намудани масоҳати беш аз 1800 метри мураббаъ ва шинонидани гулу дарахтони хархелаи сояафкану ороишӣ аз ҷумлаи корҳои дигари ободонӣ ба ҳисоб меравад, ки ба хотири зебову назаррабо гардидани атрофи иншоот анҷом пазируфтааст.

Ҳамзамон ба хотири шабона равшан намудани саҳни ҳавлии хобгоҳи мактаб-интернат 10 адад чароғак насб шуда, дар ҳаҷми 380 метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш шудаанд.

Як бартарияти дигари хобгоҳ он аст, ки ҳама ҳучрахояш ба шабакаи ягонаи гармидиҳӣ пайвастанд ва ин омил ҷиҳати гарм будани ҳуҷраҳо дар фасли сармо мусоидат менамояд.

Бунёди ин хобгоҳи ба таври муосир сохташуда нишон аз таваҷҷуҳи беандоза ва ғамхории Сарвари давлат нисбат ба ятимону эҳтиёҷмандон аст.

АМИТ «Ховар»

Tags: