Муҳаммадмурод роҳхати олимпиро дарёфт кард

Паҳлавони шинохтаи тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио де Жанейро роҳхат гирифт. Ин дзюдочии тоҷик тавассути квотаи қитъавӣ ҳаққи ширкат дар олимпиадаро соҳиб шудааст.
Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар рейтинги охири Федератсияи байналмилалии дзюдо дар вазни беш аз 100 кило миёни 188 нафар бо 377 имтиёз дар зинаи 48 ҷой гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, сеюмин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои олимпии Бразилия роҳхат гирифт. Аз ин пеш Дилшод Назаров дар гурзандозӣ ва Комроншоҳи Устопириён дар дзюдо соҳиби саҳмияҳои олимпӣ шуда буданд.
АМИТ «Ховар»

Tags: