Дар шаҳри Оренбурги Федератсияи Россия «Хона-осорхонаи фарҳанги миллии тоҷикон» бунёд мегардад

Дар шаҳри Оренбурги Федератсияи Россия Хона-осорхонаи фарҳанги миллии тоҷикон бунёд мешавад. Дар назар аст, ки муассисаи мазкур  то соли 2021 ба истифода дода шавад. Ин масъала имрӯз, 30 июл дар доираи вохӯрии  Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо Раиси Маркази мухтори миллӣ-фарҳангии тоҷикон дар вилояти Оренбурги Федератсияи Россия Толиб Баротов баррасӣ гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин осорхона гӯшаҳои китобҳои адибону шоирони классик ва муосири тоҷик, ҳунарҳои мардумӣ, толори санъати тасвирии инъикоскунандаи табиати нотакрори Тоҷикистон, асбобҳои мусиқӣ, нигораҳои таърихӣ ва либоси миллӣ ҷой дода мешаванд.

«Мақсад аз ташкили осорхонаи мазкур тарғиби фарҳанги тоҷикон аст, то тоҷикони муқими Оренбург аз таърихи ниёгон, адабиёт, илм ва санъату ҳунари аҷдодӣ огоҳ ва бархурдор бошанд», — иброз дошт Толиб Баротов.

Бояд гуфт, ки дар маҷмааи мазкур ҳамчунин ошхонаи тоҷикӣ бо таомҳои миллӣ сохта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки маҷмааи мазкур бо ташаббуси Автономияи миллӣ-фарҳангии тоҷикон таъсис меёбад.

Зикр гардид, ки Маркази мухтори миллӣ-фарҳангии тоҷикон дар вилояти Оренбурги Федератсияи Россия соли 2012 ба фаъолият шурӯъ кардааст. Он то ин муддат ба дастовардҳои назаррас ноил гардида,  ба яке аз ҷамъиятҳои пешрави тоҷикон дар хориҷ табдил ёфтааст. Марказ соҳиби газетаи худ бо номи «Согдиана» аст, ки қаблан бо номи «Паёми Оренбург» дарҷ мешуд. Инчунин ҷилди аввал ва дуюми китоби «Таджики в Оренбурге» ба табъ расида, алҳол нашри ҷилди сеюми он дар назар аст.

Бояд гуфт, ки аз соли 1993 инҷониб шаҳри Оренбург бо шаҳри Хуҷанд расман шаҳрҳои бародар эътироф гардидаанд. Алҳол дар вилояти Оренбурги Федератсияи Россия 12 000 тоҷик сокини муқимиянд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин оид ба таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ дар Оренбург ва нақшаи барномаҳои муштарак суҳбат намуданд

АМИТ «Ховар»

Tags: