Муҳаммадҷон Салимзода: «Дар шаш моҳи соли равон дар Тоҷикистон зиёда аз 620 ҳолати фавқулода ва ҳодисаҳои табиӣ ба қайд гирифта шуданд»

Дар шаш моҳи соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 624 ҳолати фавқулода ва ҳодисаҳои табиӣ ба қайд гирифта шуда, маблағи умумии хисороти ба аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат расида зиёда аз 28 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора имрӯз муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Салимзода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зикр гардид, ки аз ин шумора дар 40 маврид зарари моддиву маънавӣ расидааст.

«Дар ин давра ҳангоми гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ аз ҷониби кормандони Кумита ҳаёти 70 нафар шаҳрвандон наҷот дода шуд», — афзуд номбурда.

Муҳаммадҷон Салимзода иброз дошт, ки корҳои наҷотдиҳӣ аз зери тарма, садамаҳои нақлиётӣ, сӯхтор, корҳои рӯиобӣ ва зериобӣ ва амалиёти гуногун анҷом пазируфта, ҳангоми бартарафкунии оқибатҳои тарма, дар шоҳроҳҳои «Душанбе-Хуҷанд» ва «Душанбе — Хоруғ» зиёда аз 320 нафар мусофирону ронандагони воситаҳои нақлиёт кӯчонида шуданд.

Зикр гардид, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ 135 хонаи истиқоматӣ зарар диданд.

«Ба хонаводаҳои зарардидаи ноҳияҳои Фархор, Панҷ, Вахш, Хуросони вилояти Хатлон, шаҳрҳои Конибодом ва Исфараи вилояти Суғд кумакҳо дар шакли маводи сохтмон, ғизоӣ, бастаҳои беҳдоштиву хоҷагӣ расонида шуданд», — изҳор намуд муовини раиси Кумита.

Ёдовар мешавем, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ташкил ва роҳандозии корҳои садамавиву наҷот ба шумор меравад.

АМИТ «Ховар»

Tags: