«Тоҷикматлубот» дар Душанбе таъсиси 58 нуқтаи савдо ва сохтмони як сардхонаро ба нақша гирифтааст

Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» тасмим гирифтааст, ки  дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе барои қонеъ намудани талаботи мардум бо маҳсулоти хӯрокӣ 58 нуқтаи савдо (павилйон) кушояд.  Ҳамчунин  анъанаи солҳои пешинро идома дода,   барои бо нархҳои дастрас пешниҳод намудани  маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба сокинону меҳмонони  пойтахт  дар ярмарка – фурӯшҳои маҳсулоти кишоварзии  аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузоршаванда фаъолона иштирок намояд. Ин матлабро имрӯз муовини Раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Хуршед РАҲМОНАЛИЗОДА дар нишасти матбуотии ниҳоди мазкур баён дошт.

Дар нишаст ҳамчунин таъкид гардид, ки «Тоҷикматлубот»  барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолият  бунёди  боз як сардхонаро ба нақша гирифтааст. Алҳол се сардхонаи   сохтори мазкур дар шаҳрҳои Душанбеву Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд фаъол мебошанд, ки барои тару тоза нигоҳ доштани маҳсулоти кишоварзӣ  мусоидат менамоянд.

 Гуфта шуд, ки  дар шаш  моҳи соли равон дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати  расонидани  ёрӣ ба  қишри ниёзманди ҷомеа ба маблағи 41 ҳазору 885 сомонӣ ба шахсони муҳтоҷ  кумакпулии яквақтина расонида шуд.

Ҳамчунин дар ин давра кормандони  «Тоҷикматлубот»   дар ярмарка- фурӯши маҳсулоти агросаноатӣ дар «Бозори Меҳргон»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ,   буриши кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансур (назди Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон),   майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и ноҳияи Сино,  майдончаи назди КВД «Бозори Саховат»-и ноҳияи Фирдавсӣ ва   майдончаи назди КВД «Бозори Деҳқон»-и ноҳияи  Синои пойтахт    ташкил гардида,   ба аҳолӣ хизмат расониданд. Аз ҷумла, дар муҳлати 35 рӯз 40, 7 тонна гӯштро  бо  нархи 40 сомонӣ ба фурӯш расониданд.

Алҳол 16 нуқтаҳои  фурӯши (мошинҳои) Раёсати мазкур   дар маҳаллаҳои сераҳолии пойтахт, ки аз бозорҳо ва дигар марказҳои савдо дар масофаи дур воқеъ гардидаанд,  ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: