Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» дар мавриди набудани нуқтаҳои партов дар деҳотҷойҳо посух дода, гуфт, ки дарвоқеъ, камбуди ин нуқтаҳо аз мушкилоти асосӣ дар деҳот ба ҳисоб меравад.
Бино ба зикри номбурда, имрӯз дар аксарияти шаҳру деҳот чунин мавзеъҳо мавҷуд нестанд. Ҳоло аз тарафи Кумита барномаҳое, ба мисли «Маърифати экологӣ» қабул карда шудаанд, ки мақсади асосии онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба ҳифзи муҳити зист ва тоза нигоҳ доштани атроф мебошад.
Бино ба иловаи сардори шуъбаи истифодаи ҳифзи замин ва ҷойгиронии муомилот бо партовҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зист Мақсадулло Мардонов, ҳоло бо пешниҳоди Кумита дар вилояти Суғд дар назди ҳар ҷамоат Муассисаи хоҷагии коммуналӣ ташкил карда шудааст, ки вазифаи асосии онҳо ҷамъ кардани партовҳо аз маҳалҳо мебошад.
«Ташкили ин гуна муассисаҳо дар аксар шаҳру ноҳияҳо пешниҳод шудааст ва он бояд дар оянда ҳалли худро пайдо намояд. Ҳоло бо қарори раиси шаҳри Ҳисор ин гуна муассисаҳо дар назди ҷамоатҳо ташкил шуда, фаъолият доранд»,- гуфт Мақсадулло Мардонов.
Ҳамчунин номбурда аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки аксар маҳаллаҳо дар баландиҳо ҷойгиранд. Ҳангоми партофтани партовҳо ба ҷарӣ ва нишебиҳо дар натиҷаи боришоти атмосферӣ онҳо шуста шуда, ба поёноб ҳамроҳ мешаванд ва дар тобистон метавонанд касалиҳои сироятиро ба вуҷуд оранд. Аз ин рӯ ин масъала ҷиддӣ буда, ҳалли он дар сатҳи ҷумҳуриявӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.
АМИТ «Ховар»