Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як зумра иншооти муҳим, бо сафари корӣ ба ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ташриф оварданд.
Сафари кории Сарвари давлат аз ноҳияи Муъминобод оғоз ёфт. Сокинони ноҳия Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шукуҳи хоса ва эҳтироми самимӣ нисбат ба Пешвои миллат истиқбол гирифтанд.