Террористони «Давлати исломӣ» фирориёни худро қатл карданд

Ҷангиёни ба ном «Давлати исломӣ» тарафдорони худро, ки зери оташи артиши Ироқ аз мавқеъҳои низомӣ фирор карданд,эъдоми оммавӣ намуданд. Бино ба иттилои агентии «Интерфакс», аксарияти эъдомшудагон шаҳрвандони хориҷии давлатҳои араб буданд. Қатли ом дар минтақаи шаҳри Мосул анҷом ёфт, ки 22 нафар қурбонии он шуданд.
Мосул — дуввумин шаҳри калонтарини Ироқ буда, аз тобистони соли 2014 таҳти тасарруфи ба ном «Давлати исломӣ» қарор дорад.
АМИТ «Ховар»

Tags: