Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ менамоянд

Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ    менамоянд.

Дар ин бора аз палатаи болоии Парлумони  мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, афзуданд, ки масъалаи мазкур 11 июли соли равон дар шаҳри Душанбе зимни баргузории иҷлосияи  бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум муҳокима магардад.

Дар иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов» ва «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда»-ро низ  мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

«Инчунин дар иҷлосия баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ва як зумра қонунҳои дигари қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст», -афзуд манбаъ.

Хотиррасон менамоем, ки аъзои Маҷлиси миллӣ 10 июл аз соати 8:00 то соати 17:00 ва 11 июл аз соати 7:00 то 8:00 дар бинои Маҷлиси миллии  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошёнаи  сеюм, утоқи кории шуъбаи ташкилӣ  ба қайд гирифта мешаванд.

Телефонҳо барои  тамос: 221-12-47, 223-19-48.

 АМИТ «Ховар»

Tags: