Дастаи мунтахаби Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019»-ро бо пирӯзӣ оғоз намуд

Шоми дирӯз  дар шаҳри Аҳмадободи Ҷумҳурии Ҳиндустон бозии даври якуми мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» байни дастаҳои футболи мунтахаби Ҳиндустон ва Тоҷикистон баргузор шуда, бо ҳисоби 4:2 бар нафъи дастаи мунтахаби Тоҷикистон хотима ёфт. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар»  аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.  

Тибқи иттилои манбаъ, қисми аввали бозӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт. Хотиррасон менамоем, ки  дар ин вохӯрии ҷолиб ҳарду голи дастаи мунтахаби Ҳиндустонро Сунил Четри дар дақиқаҳои 4-ум (аз пеналти) ва 41-ум ба ҳадаф расонид. Шогирдони Усмон Тошев дар қисми дуюми бозӣ пурра ба хатти ҳамла гузашта, дарвозабони дастаи мунтахаби Ҳиндустонро маҷбур намуданд, ки чор бор тӯбро аз дарвозааш берун орад. Голҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро Комрон Турсунов, Шериддин Бобоев, Муҳаммадҷон Раҳимов ва Шаҳром Самиев ба ҳадаф расониданд.

Ҳамин тавр, дастаи мунтахаби Тоҷикистон  Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019»-ро бо пирӯзӣ оғоз намуд. Дар даври дуюм футболбозони тоҷик бо дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ рӯ ба рӯ мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки бозии ниҳоии хешро дастаи мунтахаби Тоҷикистон  15  июли соли равон  бо дастаи мунтахаби  Сурия доир менамояд. Иштирок дар Мусобиқаи «Hero Interсontinental Cup 2019» барои дастаи  мунтахаби Тоҷикистон як марҳилаи омодагӣ ба даври дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба шумор меравад.

Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019»

Даври 1-ум

Ҳиндустон – ТОҶИКИСТОН – 2:4

Голҳо: Сунил Четри, 4 — пеналти (1:0). Сунил Четри, 41 (2:0). Комрон Турсунов, 56 (2:1). Шериддин Бобоев, 59 (2:2). Муҳаммадҷон Раҳимов, 71 (2:3). Шаҳром Самиев, 77 (2:4).

АМИТ «Ховар»

Tags: