Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:
«Муҳтарам Нурсултон Абишевич,
Дар ин рӯзи барои Шумо, пайвандонатон, наздиконатон ва дӯстонатон муҳим аз самими қалб ба Шумо саломатии комил, саодат, некуаҳволӣ, нерумандии бардавом ва дастовардҳои нав ба манфиати мардуми қазоқ, ки нисбат ба Пешвои миллати худ эҳтироми бузург доранд, таманно дорам.
Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам рушди муваффақонаи муносибатҳои мутақобилаи Тоҷикистону Қазоқистонро дар сиғаи ҳамкории стратегӣ зикр намоям».
АМИТ «Ховар»