Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мероси ғайриманқули давраи Кӯшониён бозёфт гардид

Ҳангоми пешбурди корҳои хоҷагидорӣ дар ҳудуди ҷанубу шарқии деҳаи Тудабоёни Ҷамоати деҳоти Чӯбеки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ду адад ёдгориҳои мероси ғайриманқул: нақби асримиёнагӣ ва иншооти хоҷагидорӣ бо боқимондаи хумҳои мансуб ба давраи Кӯшониён бозёфт шуданд, ки бозгӯи таъриху тамаддуни қадимаи тоҷикон мебошанд.

Дар ин бора сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷаев дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» маълумот дод. Ба иттилои ӯ, бозёфтҳои мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пешниҳод гардидаанд.

«Ёдгориҳои мазкур аз ҷониби мутахассисони соҳавии Вазорати фарҳанг мавриди таҳқиқ ва бақайдгирӣ қарор гирифта, омӯзиши минбаъдаи онҳо аз ҷониби мутахассисони касбӣ ба анҷом расонида мешаванд», — гуфт Ш. Хоҷаев.

Ба зикри номбурда, яке аз ин бозёфтҳо ин иморати хоҷагидорӣ буд, ки аз он ҷо се адад хумҳои бузурге, ки бевосита ба давраи Кӯшониён мансуб буданд, пайдо гардиданд.

«Бозёфтҳои мазкур хусусияти зиндагии ниёгони моро нишон медиҳанд. Бояд гуфт, ки хумҳои бозёфтгардида вазифаи мадфангоҳро иҷро менамуданд».

Ба иттилои бостоншинос, дар шафати зарфҳои ёфтшуда инчунин қабри зане ошкор карда шудааст, ки ҳамроҳи ӯ ороишоти биринҷии диққатҷалбкунанда гӯронида шудаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки санъати заргарӣ дар он давра хеле тараққӣ карда буд.

«Ҳамчунин дар қисмати ҷанубу шарқии бозёфтҳои мазкур нақби мансуб ба давраи асрҳои миёна бозёфт гардид, ки мавриди таҳқиқ қарор дорад»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Бояд зикр намуд, ки ин бозёфтҳо аз шаҳри қадимаи Сайёд дарёфт гардидаанд. Шаҳри Сайёд ба қаламрави Хатлони қадим маҳсуб буда, дар он миқдори зиёди ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангии дараҷаи маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷойгир шудаанд. Шаҳри Сайёд яке аз шаҳрҳои наздики пойтахти Хатлон- шаҳри Ҳулбук мансуб меёбад. То имрӯз дар ҳудуди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ёдгориҳои ғайриманқули зиёд ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳангоми таҳқиқи онҳо ба саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик навгониҳои зиёде ворид карда мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки дар асрҳои миёна Хатлон давлати бузурги истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ (боғпарварӣ, навъҳои гуногуни меваҳои шаҳдбор, сабзавоткорӣ, ғалладона, чорводорӣ, пиллапарварӣ ва ғ.) ба шумор  рафта, дар он ҳамчунин  саноати коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниёзи хоҷагидорӣ: шаклҳои гуногуни саноати кулолгарӣ, шишасозӣ, маҳсулоти сохтмонӣ, фулузӣ, заргарӣ, нассоҷӣ, қолинбофӣ ва ғайра тараққӣ намуда буд.

Tags: