Ба ҳолати соати 09:00 ба вақти Душанбе дар ҷаҳон 13 236 252 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 575 540 нафар вафот кардаанд ва 7 698 371 кас шифо ёфтаанд. Шумораи гирифторон дар як шабонарӯз 195 878 нафар ва теъдоди фавтидагон 3 731 кас зиёд шуд.
Омори СУТ танҳо маълумоти расмӣ тасдиқшудаи ҳолатҳои сироят ва фавтро, ки аз ҷониби давлатҳо пешниҳод шудаанд, ба назар мегирад. Як рӯз пеш дар як шабонарӯз 198 197 ҳолати сироятёбӣ ва 4 122 фавт ошкор гардида буд.
Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.
Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (3 479 483 нафар), Бразилия (1 887 959), Ҳиндустон (907 645), Россия (733 699), Перу (330 123), Чили (317 657), Мексика (304 435), Испания (303 033), Британияи Кабир (290 133) ва Африқои Ҷанубӣ (287 796) дохил мешаванд.
13 июл директори генералии СУТ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор дошт, ки чор сенарияи асосии паҳншавии сирояти коронавирус дар ҷаҳон мавҷуд аст.
Қаблан, худи ҳамон рӯз, Гебрейесус иброз намуд, ки бисёре аз давлатҳо дар доираи мубориза бар зидди сирояти коронавирус ба самти нодуруст рафтаанд. Аммо, ӯ мушаххас накард, ки кадом кишварҳо стратегияи нодурустро интихоб намудаанд.
АМИТ «Ховар»