«ВОЖАИ ВАҲДАТ ВА ИСМИ МУБОРАКИ МОДАР БА ҲАМ ТАВЪАМАНД». Нома ба АМИТ «Ховар»

Ба Агентии миллии иттилооти Тоҷикистон «Ховар» аз номи сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икромиддин ВАЛИЗОДА таҳти унвони «Вожаи Ваҳдат ва исми мубораки Модар ба ҳам тавъаманд» номае расид, ки зарур донистем онро пешниҳоди хонандагони сомона гардонем. Номбурда, аз ҷумла чунин нигоштааст:

— Хеле рамзӣ ва самимиву хотирмон буд, ки дар арафаи таҷлили ҷашни мубораки Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Сангвор ба Пешвои миллат акси ҷолиб — дасти дуои модарро тақдим намуданд. Сокинони мамлакат аз тамошои ин лаҳзаи ҷолиб таассуроти амиқ бардоштанд. 

Вақте дар мулоқот бо сокинони ин ноҳия ба Роҳбари давлат гуфтанд, ки туҳфаи моро қабул намоед, Пешвои миллат ҷавоб доданд, ки «қабули самимонаи Шумо беҳтарин туҳфа аст». Барои Роҳбари муаззами тоҷикон ин туҳфа ногаҳониву ғайричашмдошт буд. Пешвои миллат пас аз дидани акси модари даст ба дуо лаҳзае сукут намуданд, симову тарзи гуфторашон тағйир ёфтанд, яқин он лаҳзаҳои ҳассос рӯзҳои хушнудиву мушкилоти рӯзгори анқариб сисолаи мардуми мамлакат пеши назарашон ҷилвагар шуд.

Охир ҳамин дасти дуои мустаҷоби модарони некдилу некбину некандеш буд, ки мо ба ин рӯзҳои нек расидем. Дасти дуои модар буд, ки Пешвои муътабар бо дили пур, нотарсона ба Афғонистони ноором сафар намуда, барои ба Ватан баргардонидани ҳамватанони иҷборан гурезашуда талош намуданд. Ҳамон дасти дуо буд, ки пас аз талошу заҳматҳои сангин сулҳи тоҷикон падид омад, ҳамон дасти дуо буд, ки мамлакат  бо вуҷуди монеаҳои сунъиэҷоди бадхоҳони миллат дар як муддати на чандон зиёд ба як мулки ваҳдатобод ва орому осудаву пешрафта мубаддал гардид.

Аслан вожаи Ваҳдат ва исми мубораки Модар ба ҳам тавъаманд. Зеро маҳз дили бараҳму пур аз орзуҳои неки модарон тавлидгару эҳёсозандаи Ваҳдати комил дониста мешавад. Кулли модарони олам ҷангу хунрезӣ ва ҷудоиву фироқро аз ҷигарбандон намехоҳанд. Хеҷ модар ҷангро намехоҳад. Модарон ҷангро  маҳкум месозанд, онҳо намеҳохад, ки фарзандони ба хуни дил ба воя расонидаашон қурбони ҷангҳо  гарданд. Ин падидаҳои номақбул ба табиати модарон созгор нест, онҳо ҳамеша хоҳони сулҳу оромӣ ва шукуфоӣ мебошанд.

Ин лаҳза барои мардуми Тоҷикистон беҳтарин сабақ гардид. Зеро Сарвари давлат таъкид намуданд, ки серкорӣ ҳаргиз баҳонаи аз таваҷҷуҳу ғамхории мо дур мондани модарон буда наметавонад.

Мутаассифона, ҳастанд нафароне, ки ба қадри заҳмату шабзиндадориҳои модарон намерасанд, ҳурмату эҳтироми онҳоро ба ҷо намеоранд. Модарони ин гуна шахсон ба лутфу меҳрубонӣ ва таваҷҷуҳи фарзандон ниёз доранд.

Имрӯз таҷрибаи Сулҳу Ваҳдати тоҷикон, ки яқин дар падид омадани он хизмати модарон ва дуоҳои мустаҷоби онҳо бебаҳсу бесобиқа арзёбӣ гардида, ҷаҳду талошҳои фарзонафарзанди миллат, Пешвои азизи мо Эмомалӣ Раҳмон рукни аслиро ташкил медиҳад, дар аксар кишварҳои олам ва доираи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ мавриди омӯзишу  пазириш қарор додад. Ин нуктаи муҳим боиси ифтори тамоми мардуми Тоҷикистон ва дарси ватандорию ватанхоҳӣ арзёбӣ шудааст.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб, кулли модарони шарафманди Тоҷикистонро бо ин санаи фархунда — Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак мегӯем.

АМИТ «Ховар»

Tags: