«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…». Дар бахши назм пирӯзӣ насиби Сайфура Нозимова гардид

Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони  мамлакат  дар соли 2019  озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» идома дорад.

Ҳадаф аз роҳандозии ин тадбир баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ маҳсуб мешавад.

Ҷомеаи устодону шогирдони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд иқдоми Сарвари давлатро  иқдоми саривақтӣ  барои таҳкими маънавиёту фарҳанги бою қадима дониста, давоми се моҳ байни донишҷӯён муҳтавиёт ва моҳияти озмунро фаҳмониданд.

Рӯзи гузашта 21 нафар донишҷӯёни ғолибони факултетҳо дар толори маҷлисгоҳи донишкада аз рӯи номинатсияҳои аз ёд кардану хондани осори адибони классику муосир ва адабиёти ҷаҳон, қироати ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқӣ байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дар оғози чорабинӣ муовини директор оид ба илм ва инноватсия Усмонҷон Ахмедов дар бораи зарурати баргузории озмуни мазкур сухан карда, баён дошт, ки дар бораи рушди техникаву технология, бояд ҷавонон бештар рӯ ба китобу китобхонӣ оранд, зеро лаззати китобхонӣ ва бардошти маънавӣ аз ҳама болотар аст.

Бо баҳодиҳии холисонаи ҳайати ҳакамон дар бахши назм пирӯзӣ насиби донишҷӯи курси 1 ихтисоси технологияи ришта, матоъ, нассоҷӣ ва матои бетору пуд Сайфура Нозимова гардид. Зинаҳои дуюму сеюмро донишҷӯи курси 1, ихтисоси Таъмини барқ Ибодулло Назарзода ва донишҷӯи курси 2, ихтисоси Технологияи ришта, матоъ, нассоҷӣ ва матои бетору пуд Барно Ҳоҷибоева ишғол намуданд. Дар бахши наср мақоми аввалро донишҷӯи курси 1, ихтисоси Таъмини барқ  Дониш Шарифов,  ҷойи дуюмро донишҷӯи курси 1, ихтисоси Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ Фарҳод Мамадалиев ва мақоми сеюмро донишҷӯи курси 1 ихтисоси Хизматрасонии автомобилӣ Алишерхон Рустамов  касб кард.  Донишҷӯи курси 1, ихтисоси Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо Хуршеда Камолова барои ширкати  фаъолона бо Ифтихорнома  мукофотонида шуд.

Ба ғолибону ҷоизадорон Ифтихорномаҳои Раёсати донишкада дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.

Дар қисмати фарҳангӣ донишҷӯёни донишкада бо суруду рақсҳои дилошӯб хотири аҳли нишастро шод намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: