Дар Турсунзода аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» мегузаранд

Дар  шаҳри Турсунзода ҷиҳати дар сатҳи  баланд истиқбол намудани ҷашни Ваҳдати миллӣ имрӯзҳо бо ҷалби  сокинон, донишҷӯён, кормандону хизматчиёни корхонаву ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон, ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои кишоварзӣ аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил»  мегузаранд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Турсунзода ба хабарнигори АМИТ  «Ховар»  иттилоъ доданд.

Иштирокдорони  корҳои дастаҷамъона  атрофи идораҳои маъмурӣ, корхонаву коргоҳҳо, маркази шаҳр, деҳаҳо, боғу мавзеъҳои гулкорӣ,  боғҳои фароғатӣ, ҷӯйбору канал, соҳили дарёҳои Қаратоғу Ширкент ва шафати шоҳроҳи Душанбе-Турсунзодаро  аз партовҳои маишӣ ва алафҳои бегона тоза  менамоянд. Онҳо  пояи дарахтонро нарму сафед намуда, аломатҳои сарироҳӣ ва шиору овезаҳо рангубор карданд.Кишоварзон бошанд дар  заминҳои корам ҷиҳати гирифтани ҳосили дуюм шудгор гузаронида,   онҳоро ба кишт омода  менамоянд.

Ҳамчунин дар арафаи ин ҷашни пурифтихор  аҳли илму адаби шаҳр ҷиҳати фаҳмондани моҳият ва арзиши сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар  мамлакат  дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва муассисаҳои таълимии шаҳр ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳӣ доир  менамоянд.

Мудири шуъбаи маорифи шаҳр  Лайло Раҷабова иброз дошт, ки истиқлолияту ваҳдати миллӣ —  ду неъмати бузурганд, ки мо бояд онҳро  мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем. Зеро  маҳз ваҳдати миллӣ  ва Истиқлолияти давлатӣ заминаи асосии шукуфоии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: