«Душанбе-маскани озодагон». Таҳти ин унвон дар Душанбе барномаи фарҳангӣ- фароғатӣ баргузор мегардад

Тибқи нақша чорабиниҳои тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 6 июни соли 2019, соати 18:30 дар назди шаршараи Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе барномаи  фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Душанбе-маскани озодагон» баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз баргузории  барномаи мазкур  дар сатҳи баланд таҷлил намудани   Рӯзи байналмилалии муҳити зист,  инчунин  дар амал татбиқ намудани муқаррароти «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии шаҳри Душанбе дар давраи то соли 2020», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015 тасдиқ гардидааст, мебошад.

Хотиррасон мешавем, ки  бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамасола бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист  барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ  ва маърифатӣ-иттилоотӣ доир мегарданд, ки дар  он маҳсули кори  дастӣ, ихтироъ ва навоварии донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ-техникии  пойтахт ва  дигар  дастовардҳои идораву муассисаҳои дахлдор  вобаста ба муҳити зист ба намоиш гузошта  мешаванд. Ҳамчунин дар  муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҳифзи табиат ҳифзи Ватан аст!», «Замин- пайванди инсон бо табиат» «Табиати зебо- мояи ифтихори одамият аст!», «Табиат модари мост!», «Об- муқаддасоти олами ҳастӣ», «Табиати Ватанро ҳифз бояд дошт!», «Мо- табиатдӯстони ҷавон» ва амсоли онҳо барномаҳои маърифатӣ –иттилоотӣ гузаронида  мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки  Рӯзи  байналмилалии   муҳити зист чун иқдоми ҷаҳонӣ  аз «Муроҷиатномаи Ментовӣ» ба Котиби генералии СММ сарчашма мегирад. «Муроҷиатнома»-и мазкур 11 майи соли 1971 аз ҷониби 2200 нафар ходимони илму фарҳанги 23 кишвари ҷаҳон ба имзо расид. Дар ҳамон сол олимон бонги хатар заданд, ки ифлосшавии муҳити зист ба инсоният оқибатҳои нохуш меорад. Баъд аз як сол (1972) дар пойтахти Шведсия-шаҳри Стокголм Конфронси ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи муҳити зист доир гашт, ки дар кори он намояндагони 113 кишвар иштирок дошта, барои 5 июн ҷашн гирифтани Рӯзи байналмилалии  муҳити зист қарор қабул карданд. Аз ҳамон сол инҷониб бо ташаббуси Барномаи СММ оид ба муҳити зист (ЮНЕП) дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, бо мақсади мусоидат намудан ба беҳдошти  вазъи муҳити зист ҳар сол 5 июн чун Рӯзи байналмилалии  муҳити зист таҷлил карда мешавад.

АМИТ«Ховар»