Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2019» ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳамаи истироҳатгоҳҳои тобистонаи соҳаҳои гуногуни кишвар бояд ҳамаҷониба омода шуда, барои қабули кӯдакону наврасон шароити хуб муҳаёё намоянд.
Истироҳатгоҳҳои наврасону кӯдакон дар ҷумҳурӣ бояд ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ буда, масъулини лагерҳо бояд барои ин қишри ояндасози миллат беҳтарин шароит муҳайё кунанд.
Мутаассифона, соли 2018 истироҳатгоҳи «Офтобак»-и шаҳри Норак ба талаботи замон ҷавобгӯ набуда, қисми зиёди хобгоҳҳои кӯдакону наврасон дар саҳни истироҳатгоҳ ҷойгир буд. Дар хобгоҳҳо рахтҳои хоби дуқабата бе бандҳои муҳофизатӣ муҷҷаҳаз гардонида шуда, истироҳаткунандагон дар баландии зиёда аз 3 метр бе таҷҳизоти ҳимоякунанда хоб менамуданд. Соли гузашта дар ин истироҳатгоҳ 350 нафар кӯдакону наврасони аз 7 то 14-сола аз ноҳияҳои Данғара, Сарбанд, Восеъ ва Ёвони вилояти Хатлон дар таҷҳизоти корношоями аз замони Шӯравӣ боқимонда, ки барояшон дар онҳо бозӣ кардан хатар дорад, ба бозӣ машғул буданд. Ҳол он ки арзиши роҳхати як кӯдак 400 сомониро ташкил медод.
Истироҳату саёҳати кӯдакону наврасон яке аз самтҳои дар оянда рушд додани соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷиҳат бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, шуъбаи маорифи шаҳр ва роҳбарияти Иттифоқҳои касабаи маорифи вилояти Хатлонро зарур аст, ки истироҳатгоҳи «Офтобак»-ро навсозӣ намуда, ба яке аз лагерҳои беҳтарини ҷумҳурӣ табдил диҳанд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»