26 апрели соли 2019 дар Маркази ҳамоиши миллии Чин, воқеъ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин кори Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» оғоз гардид.
Дар ин ҳамоиши сатҳи баланд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои 40 кишвари олам, инчунин роҳбарони ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ иштирок карданд.
Кори Форумро бо сухани муқаддимавӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ифтитоҳ карда, ҳамаи иштирокчиёни ҳамоиши бузургро ба Чин хайрамақдам гуфт.
Дар оғози кори Форум Дабири кулли СММ ва роҳбарони як қатор кишварҳои олам суханронӣ карданд.
АМИТ «Ховар»