Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз 14 августи соли 2018, №1084, шаҳри Душанбе.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва амалӣ гардонидани сиёсати иҷтимоии давлат фармони мазкур ба тавсиб расид, ки аз ташаббусҳои доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.
22 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш додаанд, ки музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия аз 1 сентябри соли 2018 зиёд карда шавад.
Тибқи Фармони мазкур аз 1 сентябри соли 2018 маоши вазифавии роҳбарият, кормандон ва муаллимони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои давлатии маркази рушди истеъдодҳо, маркази технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ ва муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, ҳамзамон мактабҳои Президентӣ, литсейҳо, гимназияҳо, ҳамаи мактаб-интернатҳо, инчунин мураббиёни муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла кӯдакистон ва боғчаҳои кӯдакона ба андозаи 15 фоиз зиёд карда мешавад.
Дар натиҷа аз 1 сентябри соли 2018 ба ҳисоби миёна маоши вазифавии мураббиёни кӯдакистон ва боғчаҳои кӯдакона аз 634 сомонӣ ба 729 сомонӣ, муаллими тахассуси дараҷаи олӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 779 сомонӣ ба 896 сомонӣ расонида мешавад.
Ҳамзамон меъёри иловапулиҳо ба маоши вазифавии муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумие, ки сарбории роҳбарии синфӣ ва мудири кабинетро ба ӯҳда доранд ва инчунин тафтиши дафтарро мегузаронанд, мутаносибан андозаи 10, 15 ва 20 фоизро ташкил медиҳад. Бо дарназардошти чунин иловапулиҳо маоши муаллими тахассуси дараҷаи олии маълумоти олии касбӣ дошта аз 1 сентябри соли ҷорӣ 1360 сомониро ташкил медиҳад.
Маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф — муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, аз ҷумла литсейҳои касбӣ-техникӣ ва коллеҷҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ, мактабҳои махсуси варзишӣ, донишкадаю марказҳои такмили ихтисос ба андозаи 15 фоиз зиёд карда мешавад. Дар баробари ин ба кормандони чунин муассисаҳо, ки унвони илмӣ доранд, иловапулӣ ба андозаи 30 фоиз пардохт карда мешавад.
Ҳамзамон музди меҳнати кормандони соҳаи илм, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ ва соҳаҳои воқеии иқтисодиёт аз 1 сентябри соли 2018 ба андозаи 15 фоиз зиёд карда мешавад.
Вобаста ба ин маоши вазифавии сарходими илмии институтҳои Академияи илмҳо, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Академияи илмҳои тибб ва Академияи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоби миёна бо дарназардошти унвони илмӣ ба 1982 сомонӣ ва сарходими илмии муассисаҳои дигари соҳаи илм ба 1289 сомонӣ расонида мешавад.
Маоши вазифавии корманди маъмурии хона-интернатҳо барои маъюбону пиронсолон ба ҳисоби миёна ба 1427 сомонӣ ва кормандони маъмурии дигар муассисаҳо (осоишгоҳҳо, литсей-интернати касбии махсуси маъюбон ва шӯъбаҳои кӯмаки иҷтимоӣ дар хона) ба 1156 сомонӣ расонида мешавад.
Аз 1 сентябри соли ҷорӣ музди меҳнати моҳонаи вазифавии ҳунарманди дараҷаи олии театрҳо ба 1393 сомонӣ, роҳбалади осорхонаҳо ва муҳаррири муассисаҳои матбуоти даврӣ ба 919 сомонӣ ва мудири китобхонаи ноҳия ба 1110 сомонӣ баробар мегардад.
Музди меҳнати кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 15 фоиз зиёд гардида, пардохти он аз рӯи дастурамал оид ба пардохти музди меҳнат амалӣ мегардад ва андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи мазкур ба 265 сомонӣ баробар карда шуд. Ҳоло ин нишондиҳанда 230 сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин робита, дар беморхонаҳо ва марказҳои тиббӣ маоши вазифавии сартабибон ба ҳисоби миёна ба 1510 сомонӣ, табиби категорияи олӣ ба 1091 сомонӣ, дар марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳо бошад, маоши вазифавии сартабибон ба ҳисоби миёна ба 1842 сомонӣ ва табиби категорияи олӣ ба 1346 сомонӣ баробар мегардад.
Бо мақсади ҳавасманд намудани хизматчиёни давлатӣ ва ҷалби мутахассисони болаёқат ба мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффисиентҳои тарифӣ барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатӣ аз 1 сентябри соли ҷорӣ дар ҳаҷми 600 сомонӣ ва дар ҳамон мақомоти зикргардида барои мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатӣ 540 сомонӣ муқаррар карда шудааст, ки вобаста ба ин зиёдшавии музди меҳнати онҳо 15 фоизро ташкил медиҳад. То ин давра ҳаҷми маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффисиентҳои тарифӣ мутаносибан ба 520 ва 470 сомонӣ баробар буд.
Маоши вазифавии кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд ба андозаи 15 фоиз зиёд мегарданд.
Барои хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар вазифаҳои командирон, прапоршик, афсарон, фармондеҳон ва ҳайати роҳбарикунанда адои хизмат мекунанд, инчунин, барои ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти прокуратура, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маоши вазифавӣ 10 фоиз зиёд карда шуд.
Ҳамзамон афзоиши маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз рутбаи қаторӣ то лейтенант аз 520 сомонӣ ба 600 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш аз 470 сомонӣ то 540 сомонӣ, яъне 15 фоиз зиёдшавӣ муқаррар карда шудааст.
Бояд дар назар дошт, ки дар баробари зиёдшавии меъёрҳои дараҷаи тарифӣ барои cарбозон ва сержантҳои хизмати ҳарбии ҳатмӣ андозаи стипендияҳои амалкунандаи курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд карда мешавад.
Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёдшавии андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба андозаи 15 фоиз муайян карда шуда, стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷуён аз 819 сомонӣ ба 942 сомонӣ ва аспирантони муассисаҳои олӣ ва илмӣ аз 983 сомонӣ ба 1130 сомонӣ расонида мешавад.
Стипендияҳои донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ бошад, ба ҳисоби миёна аз 103 сомонӣ ба 118 сомонӣ ва барои донишҷӯёни аълохон аз 181 сомонӣ ба 208 сомонӣ расонида мешавад.
Дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёдшавии ҳадди ақали нафақа ва андозаи нафақаҳои амалкунанда ва иҷтимоӣ мушаххас карда шуда, ҳамзамон индексатсияи қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ ва сармояи шартии нафақавии шахсони суғурташуда низ муайян гардидааст.
Аз 1 сентябри соли 2018 андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, ки айни замон 156 сомониро ташкил менамояд, 15,4 фоиз зиёд карда шуда, 180 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад.
Дар ин сурат ҳама намудҳои нафақаҳои иҷтимоӣ ва иловапулиҳо ба нафақаҳои меҳнатӣ, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин ва муқаррар гардидаанд, инчунин нафақаҳои иҷтимоӣ ва иловапулиҳо ба нафақаҳои суғуртавӣ ва иҷтимоӣ, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин ва муқаррар карда шудаанд, 15,4 фоиз афзоиш меёбанд.
Дар баробари ин, ҳадди ниҳоии нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол, ки айни замон ба 748 сомонию 80 дирам баробар мебошад, 13,5 фоиз зиёд карда шуда, 850 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад.
Бо мақсади дастгирии иҷтимоӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии гурӯҳи нафақагироне, ки кор намекунанд ва манбаи асосии даромади зиндагии онҳо маблағи нафақа мебошад, андозаи нафақаҳои амалкунандаи меҳнатии онҳо (ба истиснои аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ) ба андозаи 30 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол зиёд карда мешавад. Бояд қайд намуд, ки ҳадди ақали нафақа аз 1 сентябри соли 2018 180 сомонӣ муқаррар карда мешавад ва 30 фоизи он ба 54 сомонӣ баробар аст.
Ба нафақагироне, ки аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд, новобаста аз кор кардан ё накардани онҳо зиёд намудани андозаи нафақа пешбинӣ гардидааст.
Андозаи нафақаҳои иҷтимоӣ аз рӯи синну сол (ба ғайр аз модароне, ки даҳ ва зиёда фарзанд таваллуд намуда, онҳоро то синни ҳаштсолагӣ тарбия намудаанд), аз рӯи маъюбӣ барои маъюбони гурӯҳҳои II ва III (ба ғайр аз маъюбони гурӯҳҳои II аз овони кӯдакӣ) ва барои маҳрум шудан аз саробон, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин гардидаанд, ба андозаи 60 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол муайян карда мешавад.
Барои модароне, ки даҳ ва зиёда фарзанд таваллуд намуда, онҳоро то синни ҳаштсолагӣ тарбия намудаанд ва барои маъюбони гурӯҳҳои II аз овони кӯдакӣ дар асоси моддаи 110 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба андозаи 100 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол муайян карда шудааст.
Дар баробари ин, қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавии нафақагироне, ки ба онҳо дар асоси шарт ва меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» то 1 январи соли 2018 нафақа таъин карда шудаааст ва кор намекунанд (ба истиснои аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ), ба андозаи 6,7 фоиз индексатсия карда мешаванд. Ин меъёр аз рӯи андозаи сатҳи таваррум дар соли 2017 муайян карда шудааст (дар нашрияи расмии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст).
Ба андозаи 6,7 фоиз ҳамзамон сармояи шартии нафақавии шахсони суғурташуда барои соли 2017 индексатсия карда мешавад.
Маблағгузории зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия дар 4 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда, маблағҳои бақияи озод, иҷрои барзиёдии даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, инчунин аз ҳисоби сарфаи дигар моддаҳои хароҷот ва маблағҳои махсуси муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ пурра таъмин карда мешавад.
Масъулони ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ҳангоми ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатии пардохшавандаи асосӣ, дарозкардашуда, иловагӣ, таълимӣ ва эҷодӣ, инчунин барои пардохти ҷубронпулӣ барои рухсатии истифоданашуда, дар давраи бо кор таъминкунӣ, ҳангоми ҳисоби кумакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ, кумакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд, дар сафари хизматӣ қарор доштан ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд, бояд тибқи тартиби аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарракардашуда амал намоянд. Чунин тартиб дар «Қоидаҳои ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кумакупулӣ дар вақти аз кор рафтан, кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд», мушаххас муайян карда шудааст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, №313 тасдиқ гардидааст.
АМИТ«Ховар»