Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шурӯъ аз имрӯз, 10 апрели соли равон фаъолияти троллейбусҳо дар хатсайри №12 муваққатан қатъ мегардад. Дар хатсайри троллейбусии мазкур муваққатан ҳаракати автобусҳо бо рақами хатсайри №12 ба роҳ монда мешавад.
Аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ин тағйирот бинобар сабаби анҷоми корҳои таъмирию навсозӣ дар хиёбони С. Шерозии шаҳри Душанбе ва аз фаъолият бозмондани троллейбусҳо дар хатсайри №12 ба амал омадааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинони пойтахт мерасонад, ки муваққатан ба ҷои троллейбусҳо дар хатсайри №12 аз хизматрасонии автобусҳо бо рақами хатсайри №12 истифода баранд.
АМИТ «Ховар»