Нони танӯрии хубро дар лахчаҳои ҳезуми дарахти мевадор мепазанд. Пухтани нони хушмазза маҳорати баландро талаб мекунад. Инро танҳо пазандаҳои бомаҳорат медонанд. Онҳоро бояд муайян, қадрдонӣ ва ҳунарашонро ба дигарон омӯзонд. Ба ин мақсад дар Душанбе озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир карда мешавад. Ҳайати комиссияе, ки ин озмунро ташкил ва доварӣ мекунад, дирӯз аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе тасдиқ гардид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин амал бо мақсади иҷрои Нақшаи баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 тасдиқ гардидааст, роҳандозӣ мешавад.
Дар қарори мазкур омадааст, ки даврҳои якум ва дуюми озмун тибқи муқаррароти Низомномаи озмуни «Кадбонуи беҳтарин», ки аз ҷониби Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 марти соли 2019 тасдиқ шудааст, ташкилу баргузор карда мешаванд.
Воқан ҳам, баргузор намудани чунин озмун хеле муҳим аст, зеро ҳунармандони касби пазандагӣ низ бояд муайян ва қадрдонӣ карда шаванд, то ки ҷавонону наврасони мо ба пухтупаз муҳаббат пайдо кунанд. Ин як навъ роҳи таъмини устувории оилаҳо низ метавонад бошад. Аз қадим байни мардум чунин масал роиҷ аст: «Роҳ ба сӯи дили мард ба воситаи меъдаи ӯст». Ва то ҷое ин ҳақиқат ҳам дорад.
Аз ҷониби дигар, бо зиёд шудани теъдоди пазандаҳои моҳир мо метавонем анвои таомҳои миллиамонро дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намоем.
Се сол пеш таоми миллии тоҷикӣ – оши палав ба Рӯйхати мероси ғайримодии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки ин боиси ифтихори мост. Барои пухтани палав чӣ лозим аст? Дегу табақ, биринҷ, сабзӣ, равған, гӯшт, пиёз ва боз чанд навъи дигар маҳсулот. Вале аз ин миқдор маҳсулоти якхела даҳ ошпаз даҳ хел ош мепазад. Ва таоми ҳамоне лазизу хӯрданӣ мебарояд, ки ҳунари волои ошпазӣ дорад. Зарбулмасали халқии тоҷикӣ исботи ин гуфтаҳост: «Гандум ҳама ҷо, пазанда ҷо-ҷо».
АМИТ «Ховар»