Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Таронаи сарбоз» доир гардид

Бо  ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев Фестивали ҷумҳуриявии «Таронаи сарбоз» баргузор гардид. Фестивали мазкур  ба 26-умин солгарди Рӯзи таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии  Тоҷикистон бахшида шуда, дар он сарбозону афсарони қисмҳои низомии кишвар бо сурудҳо дар васфи Ватан, модар, ҷавонӣ ва ишқ баромад намуданд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода сарбозону афсарони қисмҳои низомиро  бо 26-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ  муборакбод намуда, зикр кард, ки Артиши миллии Тоҷикистон  дар замонҳои начандон тӯлонӣ бо заҳматҳои шабонарӯзии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи тавоно ва қувваи бузурге табдил ёфт, ки имрӯз бо тамоми ҳастӣ марзу буми кишвар ва амнияти давлати моро таъмин намуда истодааст. Артиши миллии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони Истиқлолият маҳсуб мешавад.

«Дар ин толор беҳтарин сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷамъ омадаанд. Дар ин лаҳзаҳо ҳазорон нафар аскарону афсарон ва сарбозони шуҷои Ватан  дар сарҳади давлатӣ марзу буми мамлакати моро ҳимоя намуда истодаанд. Бояд гуфт, ки роҳи ҳимояи Ватан- роҳи ҷавонмардӣ аст.  Аз ин рӯ бо истифода аз фурсат бори дигар ҷавононро ба хизмати Модар–Ватан даъват менамоям. Зеро хизмати ҳарбӣ майдони ҷасорат ва мактаби бузурги ҷавонмардӣ буда, дар он ҷавонон обу тоб меёбанд ва эҳсоси баланди ватандӯстиашонро таҳким мебахшанд. Ҳамчунин  эҳтиромашон ба падару модар ва пайвандон зиёд мегардад»,- гуфт Аҳтам Абдуллозода.

Ҳарчанд Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодӣ таъсис ёфт, вале он дар натиҷаи андешидани тадбирҳои мунтазам марҳила бар марҳила устувору қавитар гардид. Қудрату тавоноӣ ва омодагии комили Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳимоя, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна хавфу хатар ва таҳдидҳо ҳам дар амал ва ҳам дар машқҳои низомӣ борҳо собит шудааст.

Бояд гуфт, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне  ташкили Артиши миллии мо дар заминаи холӣ, аз сифр шурӯъ гардид.

18 декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.

23 феврали соли 1994 дар солгарди нахустини Артиши миллӣ паради ҳарбӣ баргузор гардида, он рӯз расман санаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Қувваҳои Мусаллаҳ аз рӯзҳои таъсис се марҳиларо паси сар намудаанд. Аз ҷумла, давраҳои сохтмону поягузории Артиш, бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва таҳкиму тақвият бахшидани омодагии ҷангии он.

Ёдовар мешавем, ки дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби сохторҳои маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш даври аввал ва дуюми фестивали «Таронаи сарбоз» дар сатҳи баланду зарурӣ доир гардида, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ интихоб карда шуданд.

Дар фарҷоми фестивал ғолибон бо диплом, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Tags: