Соли 2018 бақайдгирии таваллуд дар Тоҷикистон зиёд гардидааст-бардошт аз нишасти матбуотӣ

Бақайдгирии таваллуд дар  ҷумҳурӣ соли 2018 афзуда,  нисбат ба соли 2017  0,7 фоиз зиёд  мебошад.Матлаби мазкурро директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гулнора Ҳасанзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод баён намуд.  

Г.Ҳасанзода ҳамчунин иброз дошт, ки зиёдшавии бақайдгирии  таваллуд асосан дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе  мушоҳида шудааст.

Дар вилояти Суғд зиёдшавии бақайдгирии  таваллуд 2,6 фоиз, Хатлон 1,1 фоиз ва дар  шаҳри Душанбе 0,9 фоизро ташкил намудааст.  Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бақайдгирии таваллуд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  кам шудааст, ки он мутаносибан 6,8 фоиз  ва 1,3 фоизро ташкил намуд.

Инчунин зикр карда шуд, ки афзоиши табиии аҳолӣ аз рӯи маълумоти пешакӣ соли 2018 нисбат ба  соли 2017  ба андозаи 1,1 фоиз зиёд шуда, ба 1000 нафар аҳолӣ 21,8 нафар рост омадааст.

АМИТ«Ховар»

Tags: