Имрӯз дар Қирғизистон машқҳои муштараки низомии зиддитеррористии фармондиҳӣ- ситодии «Рисолати сулҳ -2016» оғоз меёбанд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
«Ҳоло гурӯҳи муттаҳидаи қувваҳои Созмони ҳамкории Шанхай, ки аз низомиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Қирғизистон, Қазоқистон, Чин, Русия ва Тоҷикистон иборатанд, тақрибан ду ҳазор нафарро дар бар мегирад. Дар ихтиёри онҳо сесад адад техникаи ҳарбӣ қарор дорад ва аз ҳаво амали онҳоро 10 адад авиатсияи ҳарбӣ тақвият медиҳанд. То омадани ҳайатҳои низомӣ ҷониби Қирғизистон тамоми инфрасохтори шаҳраки низомиро омода кардааст»,- гуфта мешавад дар гузориш.
Марҳилаи фаъоли машқҳои «Рисолати сулҳ -2016» то 21 сентябр идома хоҳад кард.