Ҳукумати Афғонистон барои фиристонидани ҳайат ба марҳилаи нави гуфтушунидҳо оид ба танзими осоишта, ки дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ интизор меравад,омода аст,-иттилоъ медиҳад «TOLO News».
«Ҳар вақте зарур ояд, мо ҳайатамонро равон намуда, рағбатамонро арз менамоем», — зикр кард муовини намояндаи сарвазири кишвар Фаридун Хазон.
Ҳафтаи гузашта дар Абу-Даби зери сарпарастии АМА миёни толибон ва дипломатҳои ИМА гуфтушунидҳо баргузор гардиданд. Дар машварат инчунин ҳайати Покистон ва Арабистони Саудӣ иштирок намуда, ҳамзамон дар он ҳайати воломақом аз Кобул низ ҳузур доштанд. Дар анҷоми вохӯрӣ иштирокчиён баҳсро мусбат арзёбӣ намуданд. Инчунин эълон карда шуд, ки чунин вохӯрӣ дар оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор хоҳад шуд.
Тавре қаблан ба РИА Новости намояндаи расмии Шӯрои олии мусолиҳаи Афғонистон Эҳсон Тоҳирӣ хабар дод, ҳафтаҳо ва моҳҳои наздик дар Ҷумҳурии Исломӣ оид ба созишномаи сулҳ миёни ҳукумат ва «Толибон» кор бурда мешавад. Бино ба гуфтаи Тоҳирӣ, ба анҷомрасии кор нисбат ба ин ҳуҷҷат дар оғози гуфтушунидҳо миёни тарафҳои адоватдошта ба нақша гирифта шудааст. Тавре ҳамсуҳбати агентӣ зикр кард, баъд аз татбиқи созишномаи мусолиҳа нақшаи панҷсолаи баъди музокиравӣ оид ба тақсимоти толибон дар ҷамъияти афғонҳо ба ҳукми қонунӣ медарояд.
Масъала оид ба оғоз намудани муколамаи мустақими мусолиҳа миёни қувваҳои ба ҳам муқобил дар Афғонистон дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла дар Москва, ки 9 ноябр мулоқот доир ба Афғонистон дар шакли пӯшида баргузор гардид, муҳокима мегардад. Аввалин маротиба дар мулоқоти байналмилалии чунин сатҳ дафтари сиёсии ҳайати толибон дар Доҳа иштирок варзид. Аз Афғонистон дар конференсия Шӯрои олии мусолиҳа, ки худро дар муколамаи миёни ҳукумат ват олибон миёнарав мешуморад, иштирок намуд.
АМИТ»Ховар»