Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ беш аз 2100 километр роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингарди дохилӣ аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ бунёду таҷдид карда шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабр бо дахли натиҷагирӣ аз рушди бахши нақлиёт ва коммуникатсияи кишвар зикр намуданд, ки танҳо дар зарфи соли 2018 дар ҷумҳурӣ сохтмону таҷдиди 200 километр роҳи дохиливу байналмилалӣ, инчунин 45 пул ба анҷом расонида шуд. Зикр шуд, ки алҳол дар соҳаи нақлиёт ба маблағи умумии 7,5 миллиард сомонӣ 14 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида истодаанд.
«Зарфи солҳои охир дар натиҷаи бунёди шоҳроҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва пайвастани Тоҷикистон бо роҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, кушода шудани роҳи оҳан ва 16 гузаргоҳи сарҳадӣ бо Ӯзбекистон кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт ва ҳадафи дуюми стратегиамон амалӣ гардид»,- афзуданд Пешвои миллат.
Ҳамзамон бо дахли рушди соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия Президенти мамлакат афзуданд, ки минбаъд Ҳукумати кишвар бояд доир ба тавсеаи минбаъдаи шабакаи долонҳои нақлиётӣ ва тақвияти инфрасохтори нақлиётӣ, баромадан ба бандарҳои баҳрӣ, бунёди терминалҳои наздисарҳадӣ ва марказҳои логистикӣ, навсозии заминаҳои моддиву техникӣ ва таҷдиди паркҳои нақлиётӣ, инчунин афзоиши ҳамлу нақли молу маҳсулот тадбирҳои иловагӣ андешад. Зеро дар шароити кишварамон, ки 93 фоизи қаламравашро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, соҳаи нақлиёту коммуникатсия барои таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодӣ аз аҳамияти бузург бархӯрдор аст.
АМИТ«Ховар»